Конфронси илмӣ-оммавии “Сайри таърихии Наврӯз”
Нашр шуд 2016-03-11 18:16
Баъди аз зуҳри 10-уми марти соли равон дар ошёнаи 9-уми Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ» конфронси илмӣ-оммавӣ таҳти унвони «Сайри таърихии Наврўз» доир гардид. Дар сухани ифтитоҳии худ Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сйфиддин Назарзода ҳамагонро ба ба фарорасии ҷашни Наврӯз муборакбод кард ва барояшон хушбахтию пирўзиҳо таманно намуд. Сайфиддин Назарзода Наврӯзро за беҳтарин суннатҳои миллӣ номид ва гуфт ин куҳантарин ҷашнест, ки ниёкони некноми мо дар остонаи эҳёи табиат бунёд гузоштаанд ва садсолаҳост, ки куҳнагӣ надорад. Сипас, шоир ва пажуҳишгари номии кишвар Назри Яздонӣ дар мавзуъи «Наврўзи ҷаҳонӣ» баромад кард ва аз нақши Наврўз ҳамчун як арзиши бунёдии асолати миллӣ дар шароити набарди ҷаҳонии арзишҳо сухан гуфт. Ислом Юсуф доир ба «Суннатҳои наврўзӣ дар осори муҳаққиқони рус» дар асоси маводҳои экспедитсияҳои муҳаққиқони рус дар қаламрави Бухоро аз он ҷумла, дар ҳудуди имрўзаи Тоҷикистон охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ суханронӣ намуд. Мутахассиси Марказ Шобегим Маликшоева дар мавзуи «Тавсифи Наврўз дар марҳалаҳои гуногуни шеъри тоҷик» маъруза намуд. Дар чорабинӣ олимону муҳаққиқони ҷавон, донишҷўёни макотиби олии кишвар ва дигар хоҳишмандон иштирок намуданд. Иштирокчиён доир ба ҷашни Наврўз ва анъанаҳои он андешаҳои худро иброз намуда, ҳамзамон аз тариқи баҳсу муколама ба суолҳои худ посух гирифтанд.