Ободонии рӯзи шанбе дар Китобхонаи миллӣ
Дар рӯзи дигари ободонии Китобхонаи миллӣ кормандон бештар ба гулу сабзаҳо таваҷҷуҳ намуданд.
Оғози тирамоҳ аст ва табиист, ки дар фасли хазон дарахтон барг зард мекунанд. Баргҳои заъифу боди хазонрасида якояк ба замин меуфтанд.
Гулҳо низ рӯ ба хазон меоранд. Шукуфаҳо пажмурда мешаванд. Вале ҳамоно вақти сабзишу нашъунамо ба поён нарасидааст. Ҳамоно нафаси гарми тобистонӣ ба сардиҳо ҷой иваз накардааст. Пас бояд ба парвариши ин буттагулҳо ва ин сабзазорон идома дод.
Сабзаву гулу дарахтон як шукуҳи дигар доранд, ки саҳни Китобхона ва атрофи онро зебо нигоҳ медоранд. Кормандони Китобхона бо дарки масъулият имрӯз баъди он ки хазонро рӯфтанду ҷӯйборҳоро бори дигар аз хасрӯбаҳо пок карданд, ба гулҳо ва сабзазори ҳота об монданд.
Рӯзи низофату покӣ ва ободонӣ бо ҳамин ба поён расид.