Ин китобча, ки муаллифон Қ.Қаҳҳоров, Т.Мирзоев ва Д. Бобоазизов монография номидаанд, ҳамин сол чоп шудааст ва тавре аз номаш ҳам пайдост як дастури илмиву пажӯҳишӣ дар бораи помидор мебошад.
Дар монографияи мазкур дар бораи гузаштан ба ҳимояи самаранок ва тараққиёфтаи интегратсионӣ (дар муқоиса бо усули ҳимояи кимиёвӣ) бо ҳашаротҳои асосии помидор, пеш аз ҳама чуқур омўхтани омилҳое, ки аз ҳисоби интенсификатсияи истеҳсоли кишоварзӣ ба миён меояд, хеле зарур мебошад, оварда шудааст. Инчунин ҳимояи интегратсионӣ дар асоси қайди шумораи ҳашароти зараррасон, муҳити экологии атрофи он ва алоқамандии биосенотикӣ бо компонентҳои дигари агросистема асоснок карда шудааст. Ҳимояи интегратсионӣ нигоҳ доштани тавоноии мувозинаи дар табиат пайдо шударо вазифагузорӣ менамояд, биосенози табииро эҳтиёт карда, барқарорсозии муносиби манзараҳои кишоварзиро пешбинӣ менамояд, ки дар монография муфассал оварда шудааст.
Дар монография аҳамияти рустаниҳои шаҳддиҳандаю гулкунанда барои ҷалб намудан ва нигоҳ доштани ҳашаротҳои фоидаовар (энтомофагҳо) дар майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, нишон дода шудааст.
Монографияи мазкур барои аспирантон, магистрон, мутахассисон ва мушовирони соҳаи кишоварзӣ, муасиссаҳое, ки машғули воситаҳои ҳифзи раустаниҳо мебошанд, инчунин ба хоҷагидорону фермерони ҳавасманд пешниҳод шудааст.
Шарофат Мирзоева