Аз пуркортарин муҳаққиқони мусиқии тоҷик умуман Шарқ буда, мавзўъҳои назарии мусиқӣ дар таълимоти Ибни Сино, анъанаи меросбарӣ дар санъати мақом ва мақомсароӣ, иртиботи таърихии мақомҳо ва мусиқии ҳирфавии мардуми Ғарб, диди бадеию зебоишиносӣ дар мақомҳо, мусиқӣ аз дидгоҳи аҳли тасаввуф, суннати меросбарӣ дар оҳангсозӣ, нақши мақомҳо дар ғановати мусиқии классикиро баррасӣ намудааст. Муаллифи беш аз сад мақолаи илмӣ, илмӣ- оммавӣ буда, осораш ба русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои дунё нашр шудааст.
Аслиддин Низомов аз ҷумлаи чеҳраҳои маъруф дар пажӯҳиш ва таҳқиқи фарҳангу тамаддуни миллат ба шумор меравад. Ў мусиқишинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор, узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон мебошад. Ин донишманди шинохта пайваста дар асарҳои илмӣ, маърузаву гузоришҳо дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳунари қадима ва хеле нодири мусиқии классикии халқи тоҷик, ҳамчунин сарчашмаҳои хаттии қадимиро доир ба мусиқӣ мавриди омўзиш ва баррасӣ қарор додааст.
Ў 1-уми марти соли 1950 дар шаҳри Панҷакент дар оилаи омўзгор чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Соли 1966 ба омўзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро соли 1971 бо муваффақият хатм намудааст. Пас аз он соли 1976 шуъбаи мусиқии Шарқи Консерваторияи давлатии Тошкандро ба итмом расонидааст.
Баъди хатми Консерватория ба сифати ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Бо таъсиси кафедраи мусиқии Шарқ дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода аз соли 1979 то соли 1982 мудири он таъйн мегардад.
Аз соли 1982 то 2007 ў дар вазифаҳои сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, директори Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, ходими калони илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон, сардори раёсати илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, мудири шўъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор ва фаъолият кардааст. Аз соли 2007 то 2013 ректори Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода буд.
Рисолаи номзадиро дар мавзўи “Шашмақом ва анъанаҳои назми классикии тоҷикӣ-форсӣ” соли 1990 ва рисолаи докториро бошад дар мавзўи “Суфизм дар қаринаи фарҳанги мусиқии халқҳои Осиёи Миёна” соли 1988 дар Тошканд дифоъ намудааст.
Аз пуркортарин муҳаққиқони мусиқии тоҷик умуман Шарқ буда, мавзўъҳои назарии мусиқӣ дар таълимоти Ибни Сино, анъанаи меросбарӣ дар санъати мақом ва мақомсароӣ, иртиботи таърихии мақомҳо ва мусиқии ҳирфавии мардуми Ғарб, диди бадеию зебоишиносӣ дар мақомҳо, мусиқӣ аз дидгоҳи аҳли тасаввуф, суннати меросбарӣ дар оҳангсозӣ, нақши мақомҳо дар ғановати мусиқии классикиро баррасӣ намудааст. Муаллифи беш аз сад мақолаи илмӣ, илмӣ- оммавӣ буда, осораш ба русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои дунё нашр шудааст.
Соли 1980 ў ба узвияти Иттифоқи композиторони СССР қабул гардида, соли 1981 аъзои Бюро оид ба танқиди мусиқии ташкилоти мазкур интихоб мегардад.
Дар тўли зиёда аз сӣ соли фаолияти илмӣ-эҷодӣ устод дар кори даҳҳо симпозиум ва конфронсҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо маърўзаву гузоришҳо ширкат намудааст, ки дар байни онҳо Симпозиумҳои Юнеско дар Самарқанд, Пхенян, Сеул, Сидней, Берлин, Теҳрон, Тошканд, Хева, Москва ва Ленинградро номбар кардан зарур аст.
Таҳияи Сулҳия Иброҳимова, мутахассиси
шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.