Баҳси интернатсионализм дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2016-02-17 10:27
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии “Интернатсионализм -таҷассумгари дўстию осоиштагӣ, омили асосии мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва тундгароии динӣ” баргузор шуд. Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сухани муқаддимотии худ иброз дошт, ки интернатсионализм истилоҳест, ки аз дӯстиву ваҳдат миёни миллатҳо ва қавмҳои мухталиф ҳикоят мекунад ва он ҷое миллатҳо бо ҳам дӯстанд, барои душманӣ ҷой намемонад. Дар Тоҷикистон миллату қавмҳои мухталиф зиндагонӣ мекунанд ва таърихи истиқлолияти кишвар ёд надорад, ки миёни ин миллатҳо ихтилофе боиси ранҷишу дилсардии ҳамдигар шуда бошад. Зеро такя ба арзишҳои башарӣ асли сиёсати Ҳукумат, Пешвои миллат, асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар ин нишаст ҳамчунин полковник Тоҳирхон Шарипов, мушовири Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Шавкат Мирзоев, Раиси Иттиҳоди интернатсионалистони Тоҷикистон, Худойбердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Головин Алексей намояндаи сафорати Федератсияи Русия, устодони Донишгоҳи миллӣ Азим Байзоев ва Ҳабибулло Раҷабов ширкат ва суханронӣ намуданд.