Салима Раҷабзода: Китобхонаи миллӣ барои баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 5 толори хонишро ҷудо кардааст
Нашр шуд 2020-12-04 12:01
Аввали ҳафтаи оянда даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» баргузор мешавад ва чун озмуни гузашта даври ниҳоӣ боз ҳам дар Китобхонаи миллӣ мегузарад. Озмуни имсола аз гузашта фарқиятҳо дорад ва бо назардошти таҷрибаи порсола Китобхонаи миллӣ барои бе ягон камбудиву монеъ гузаштани он талоши бештар кардаву омодагиҳои зиёдтар гирифтааст. Суҳбати мо бо муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода атрофи ҳамин масъала буд.
- Лутфан бигўед, ки омодагиҳо ба баргузории озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» дар кадом сатҳ аст?
- Метавон гуфт, ки омодагиҳо ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз феврали соли 2020 тасдиқ шудааст, дар сатҳи олӣ қарор дорад. Тибқи ҳар наминатсияи озмун як толор омода карда шуда, аз ҳисоби кормандони болаёқати бахшу шуъбаҳои муассиса гурӯҳҳои роҳбаладӣ таъсис дода шуд, ки дар рафти баргузории озмун ба довталабон кўмак мерасонанд.
- Омодагиҳо ва корҳои ташкилӣ аз озмуни гузашта фарқе доранд?
- Озмуни мазкур аз озмуни гузашта бо он фарқ мекунад, ки он аз рўи самтҳо ҷудо шуда, ҳар як самт аз 5 наминатсия иборат аст. Дар озмуни мазкур бори аввал наминатсияи шоирӣ баргузор мегардад.
- Кадом толорҳои хониш барои озмун пешбинӣ шудаанд? Кормандони Китобхонаи Миллии Тоҷикистон чӣ масъулиятҳое бар дўш хоҳанд дошт?
- Озмуни мазкур, ки аз 5 номинатсия иборат аст, маъмурияти КМТ тасмим гирифтем 5 толорро, ки ба талаботи имрўз ҷавобгўст, омода намоем. Яъне ҷойи нишасти аъзоёни комиссия, довталабон ва нафароне, ки аз вилояту ноҳияву шаҳрҳо меоянд, ин ҳамаро ба инобат гирифтем. Барои дастгирии довталабоне, ки ба китобхона қадам ранҷа менамоянд, инчунин падару модарон, омўзгорон ва намояндагони вилояту шаҳру ноҳияҳои кишвар чораҳо андешидем. Номинатсияи адабиёти классикӣ дар ошёнаи 9-ум баргузор мегардад. Номинатсияи адабиёти муосир дар ошёнаи 1-ум, шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон.
Номинатсияи адабиёти ҷаҳон дар ошёнаи 4, шуъбаи адабиёти хориҷӣ.
Номинатсияи адабиёти бачагона дар ошёнаи 1, шуъбаи кўдакон ва наврасон.
Ноиминатсияи шоирӣ дар ошёнаи 2, толори фалсафа ва ҳуқуқ
Тамоми гурӯҳҳои корӣ, ки ҳар гурўҳ аз раҳбари гурўҳ ва 17 нафар иборат аст, барои қабул, ҷо ба ҷо намудани довталабон ва меҳмонон, инчунин барои ташкили сайёҳат барои иштирокчиён пурра омодаанд.
Ҳамчунин маврид ба зикр аст, ки ба ҳар номинатсия 15 нафар роҳбаладон аз ҳисоби кормандони Китобхонаи миллӣ ҷудо шудаанд.
- Соли гузашта 2 нафар корманди китобхона дар озмун ширкат намуданд. Имсол чӣ?
- Бале соли сипаригашта 2 нафар корманди мо иштирок намуда буданд. Имсол корманди мо аз маркази Тоҷикшиносӣ (тибқи шартнома) Ислом Юсуфӣ тарҷумон, шоир, муҳаққиқ дар наминатсияи шоирӣ иштирок менамояд. Рўзҳои наздик китоби Ислом Юсуфӣ «Тоҷикистон шамси тобон» аз чоп баромад, ки дар шаклҳои анъанавии назми классикии тоҷик – достон, ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, мухаммас, қасида, тарҷеъбанд, ҷавобгў ба талаботи номинатсия пешкаш гардидааст.
- Дар мавриди амри Президенти кишвар, ки бояд ҳар корманд дар як сол 5 китоб хонад. Оё кормандони китобхона ин супоришро иҷро мекунанд?
- Пешниҳод аз ҷониби кормандони КМТ хуб қабул гардид ва аксари кормандони КМТ китобҳои бадеии тозанашре ки ба КМТ ворид мешаванд, мутолиа менамоянд.
- Ин озмун дар тарғиби фаъолиятҳои Китобхона нақше хоҳад дошт?
- Албатта дорад, зеро шумораи хонандагон ба маротиб зиёд шудааст, чунки хазинаи КМТ дорои зиёди китобҳои бадеии классикиву муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон мавҷуд аст. Қобили зикр аст, ки тамоми шароит ба хонандагон фароҳам аст.
- Барои ҷалби бештари гурўҳи корӣ ягон ҳавасмандкунӣ аз ҷониби роҳбарият пешбинӣ шудааст?
- Айни замон маъмурияти КМТ дар доираи имконоташ ин масъаларо дида мебарояд.
- Мисли соли гузашта иштирокчиёнро ба сайёҳати Китобхона мебаред?
- Бале. Тибқи нақша-чорабинҳо ташкили сайёҳати иштирокчиёни озмун дар КМТ пешбинӣ шудааст. Кормандони шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ аз бахшу шуъбаву марказҳо, аз толори хониши анъанавӣ в электронӣ, аз толорҳои намоишии китобӣ, мусаввараи таърихии «Аз давра ба давра»-и рассоми Халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифов омода шудаанд.
Мусоҳиб: Раҳима Аъзам, мутахассиси шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.