Зарфи се моҳи соли равон Китобхонаи миллӣ 6 ҳазору 958 аъзои нав пайдо кардааст
Нашр шуд 2019-04-11 17:13
Дар семоҳаи аввали соли 2019-ум 5517 нусха адабиёт ба маблағи умумии 78225,54 сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид карда шуда, мавриди коркард қарор дода шуд. Ба захираи умумии Китобхона 5048 нусха ба маблағи умумии 70276,54 сомонӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла, китобҳо – 4320 нусха, маҷаллаҳо – 581 нусха, нашрияҳои давомноки илмӣ- 16 нусха, нотаҳо-15 нусха, диссертатсияҳо – 105 нусха, СD DVD - 11 дона. Ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ –436 нусха китоб ба маблағи умумии – 7617,00 сомонӣ ва ба равобити байникитобхонавӣ – 32 нусха ба маблағи умумии – 332 сомонӣ ворид карда шуд.
Дар ин бора имрӯз дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар семоҳаи аввали соли равон Директори китобхона, профессор Абдусалом Мирализода ибрози назар намуд.
Директори Китобхонаи миллӣ гуфт, ки дар ин се моҳ кормандони шуъбаи такмили адабиёт 1052 нусха (554 номгўй) китобҳои ҳатмӣ ва 129 нусха нашрияҳои гуногунро қабул намуда, сабт намуданд. Ба шумораи мазкури китобҳо барга навишта шуда, сипас ба шуъбаҳои дахлдор ирсол карда шуд. Баргаҳои аз рўйи таснифоти сол, алифбо ва ҷои нашр ба танзим дароварда шуда, ба феҳристи фармоишии шуъба захира карда шуданд.
Абдусалом Мирализода дар бахши дигар суханрониаш хабар дод, ки зарфи семоҳаи аввал 6 ҳазору 958 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд ва ҳоло шумораи аъзои Китобхона ба 174444 нафар расидааст. Аз оморҳо дида мешавад, ки таваҷҷуҳи хонандагон ба китоб ва китобхона меафзояд. Далели он он аст, ки дар семоҳаи аввали соли равон дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 теъдоди 1705 нафар бештар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Китобхонаи миллӣ 122174 нафар ташриф овардаанд ва онҳо 159626 нусха китоб дархост намудаанд. Ба ҳисоби миёна Китобхонаи миллӣ ҳар рӯз мизбони 1350 нафар будааст.
Тибқи омори ироашуда дар семоҳаи якуми соли 2019 зиёда аз 9600 хонандаи маҷозӣ аз веб-барномаи Китобхонаи электронӣ истифода намуданд. Инчунин бо мактубҳои дархостӣ ба як қатор сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ зиёда аз 6700 нусхаи электронии китоб ва маводи электронии таълимӣ, аз ҷумла: 3920 адад китоби электронии бадеӣ ба китобхонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2480 адад китоби электронии бадеӣ ба китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор дода шуд.