Баҳси оила дар Конфронсе дар Китобхонаи миллӣ

Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони  «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи занону модарон дар даврони Истиқлолият» рӯзе қабл дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Ташкилкунандагонаш мегӯянд Конфронсро дар доираи барномаҳои қаблан тарҳрезишудаи Соли оила баргузор карданд ва ҳадаф  баррасии нақши муассири Пешвои миллат дар таҳкими мавқеъ ва нуфузи занон дар кишвар буд.
Дар “Варақаи матуботӣ”-и Конфронс аз ҷумла гуфта мешавад: “Ҳукумати кишвар бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба таври хос кор карда баромад.
     Ҳадафи асосии таваҷҷўҳи Роҳбарияти сиёсии кишвар ба таҳкими мавқеи иҷтимоии занон фаъолгардонии қишрест, ки вазифааш тарбияи наслҳост. Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик низ таъсири амиқи худро гузошт. Ҳамчун фарзандони ин сарзамин, ҳамчун ободгарони ин марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гаштанд”. 
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо як иқдоми наҷибона соли 2015-ро Соли оила эълон карда буд ва дар доираи он як сислсила чорабиниҳое барои таҳкиму устувории оила роҳандозӣ шуда буданд. Вале оиларо наметавон дар доираи як солу ду сол ғунҷонд, ҳама солу ҳама рӯзи мо бояд оила ва таблиғи зиндагиву оилаи солим бошад.
     Ширкаткунандагон  таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи занон», «Нақши занон дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Занон ва об: дастгириҳо дар татбиқи ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат», «Тарбияи мутахассисони соҳаи тиб аз ҳисоби занону духтарон: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамо»  маърузаҳо шуниданд ва атрофи чанд масоили дигари ҳаёти занон ва оила баҳс карданд.
 

Фарзона Мирзоева
Сурати Хусрави Милод