Дар доираи иқдоми созандаи “Дарахти ман” Китобхонаи миллӣ боз соҳиби 50 дарахти сӯзанбарг шуд

Дар доираи як иқдоми созанда, ки бо номи “Дарахти ман” дар саросари кишвар доман густардааст, кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи шанбе ҳашари умумии дарахтшинонӣ доштанд ва дар саҳн ва боғи Китобхона 50 адад дарахтони сӯзанбарг шинонданд. Ба ин ҳол шумори дарахтони сарсабзу сояафкани Китобхонаи миллӣ боз 50 адад афзуд. Дарахтон тибқи барномаи сабзкориҳои “Дарахти ман”, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад, ҷудо шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи 21 феврали соли равон як гурӯҳ кормандони Китобхонаи миллӣ ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор ба деҳаи Хирманаки шаҳри Ҳисор сафар намуда, дар қитъаи замини он 500 адад дарахтони гуногуни мевадиҳанда шинониданд.

Чорабинии мазкур бо иштироки доираи васеъи рӯзноманигорони дохилу хориҷ баргузор шуда, рафти он пурра аз ҷониби телевизони"Мир" сабт гардид.

Маврид ба таъкид аст, ки иштирок дар аксияи “Дарахти ман” озод буда, идораю корхонаҳо ва шахсони алоҳида метавонанд, ки дар он ширкат намуда, дар барномаи кабудизоркуниву сарсабзгардонии кишвар саҳм гузоранд. 

Иқдоми дарахтшинони идомаи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат аст, ки ҳамвора ба сарсабзу хуррам гардонидани диёри биҳиштосоямон на танҳо таъкид мекунанд, балки худ дар ин гуна маъракаҳо фаъолона ширкат мекунанд. Пешвои муаззами миллат ҳамеша ба чунин корҳои созанда ташвиқ мекунанд ва худ як улгу барои анҷоми ин гуна корҳои хайру савоб мебошанд.

Раҳима Аъзам,

мутахассиси шӯъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.