Устувории давлат ба садоқат ба Ватан ва арзишҳои миллӣ бастагӣ дорад

(Гузориш)


Кормандони Китобхонаи миллӣ дар ҷаласае, ки субҳи рӯзи шанбе доир карданд,  райъпурсиро талаби замон номиданд ва гуфтанд, ки он ба хотири таҳкими давлатдории тоҷик роҳандозӣ мешавад.
    Сардори Маркази иттилооти ҳуқуқи Китобхонаи миллӣ Мушарраф Ёсинзода, ки дар мавриди зарурати тағйироти иловаҳо ба Конститутсия суханронӣ кард, аз ҷумла гуфт, ки Тоҷикистон дар сеюмин даҳаи истиқлолияти худ гом мезанад ва  дар ин давра таҳаввулоти азими сиёсӣ, иқтисодӣ,  иҷтимоию фарҳангӣ ва имтиҳонҳои зиёди амниятӣ ба вуҷуд омадааст.
Вай ёдовар шуд, ки тибқи пешниҳоди зумрае аз вакилони Маҷлиси намояндагон,  аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва хулосаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 феврали соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ба Раъйпурсии умумихалқӣ  пешниҳод намуд.
         Тағйиру иловаҳо  ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 40 банд иборат буда, вобаста ба мазмун ва ҳадафҳои гузошташуда онҳоро метавон  чунин  гурўҳбандӣ намуд:

    - дақиқ намудани  шакли идоракунӣ, такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ;
    - пурзўр намудани талабот нисбати номзадҳо ба вазифаи Президенти мамлакат, вакилони парлумон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо аз нигоҳи амният ва садоқат ба Ватан;
    - такмили расмиёти қабули қарорҳои алоҳида аз ҷониби мақомоти олии қонунгузор;
    - муайян намудани мақоми конститутсионии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат;
    - танзими фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои демократӣ ва ризояту ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа;
    - аз ҷиҳати таҳрирӣ, мантиқӣ ва имлоӣ  дақиқ намудани меъёрҳои Конститутсия.
 Мушарраф Ёсинзода гуфт, ки бахши муҳими тағйиру иловаҳоро дақиқ намудани  шакли идоракунӣ, мақом ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ ва такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ  ташкил медиҳанд.
            Аз ҷумла, ба  моддаи якуми Конститутсия қисми дуюм илова карда мешавад, ки тибқи он шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон «президентӣ» ифода мегардад.
           Тоҷикистон аз лиҳози танзими конститутсионии ташаккул ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ  амалан  ҷумҳурии «президентӣ» бошад ҳам, маҳз «президентӣ» будани он дар Конститутсия дарҷ нашуда, иловаи мазкур  шакли идоракунии  ҷумҳуриро возеҳу равшан ва танзими ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро осон менамояд.
    Мусаллам аст, ки устувории давлат ва амнияти он қабл аз ҳама аз садоқат ба Ватан, арзишҳои миллӣ,  хирадмандӣ ва корозмудагии  мансабдорони давлатии он  вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, пурзўр намудани талабот нисбат ба номзадҳо ба вазифаи Президенти Ҷумҳурӣ, вакилони парлумон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо аз нигоҳи амният ва садоқат ба Ватан аз ҳадафҳои муҳими Тағйиру иловаҳои пешниҳодшаванда маҳсуб меёбанд.
Бо ин мақсад дар моддаҳои 49, 51, 65, 73, 85 ва 89 –и Конститутсия  тағийру иловаҳо ворид карда, муқаррар карда мешавад, ки номзад ба вазифаи Президенти мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, аъзои Ҳукумат,  судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, душаҳрвандӣ ва шаҳрвандии давлати хориҷиро надошта бошанд.
    Ин шахсон баъди интихоб ё таъин шудан дар вазъияти тантанавӣ аз рўйи тартиби пешбинишуда савганд ёд намуда,  эҳсоси масъулият ва садоқати хешро дар назди Ватан ва халқу давлат изҳор медоранд.
    Бо назардошти аҳамияти таҷрибаи сиёсӣ, касбӣ ва ҳаётӣ барои муваффақона анҷом додани вазифаи вакили Маҷлиси намояндагон,  талаботи сину солӣ нисбати номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон  аз синни 25 солагӣ ба 30 солагӣ боло бардошта, ҳамзамон барои номзад ба вазифаи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ низ талаботи синнусолӣ дар ҳамин сатҳ, яъне синни 30 солагӣ муқаррар карда мешавад.   
    Вазифаи дигари муҳими Конститутсия дақиқ танзим намудани расмиёти конститутсонӣ, яъне тартиб ва шакли қабули қарорҳои конститутсионӣ мебошад.
    Доир ба ин масъала Конститутсияи амалкунанда баъзе нуқсонҳо дошта, ислоҳи онҳо дар раванди марҳилаи кунунии ислоҳоти конститутсионӣ айни муддао мебошад.
      Ҷузъи муҳими Тағйиру иловаҳоро муайян намудани мақоми конститутсионии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ташкил медиҳад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон барҷастатарин симои сиёсӣ дар таърихи  давлатдории навини тоҷикон  буда, хомўш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ташаккули пояҳои давлати демократӣ ва иқтисоди миллӣ маҳз ба номи ў вобастаанд.
         Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар таҳаввулоти азими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ  сурат гирифта, заминаҳои устувори ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мудофиа  ва амнияти миллӣ  фароҳам оварда шуданд.
    Бо дарназардошти ин воқеият ва бо такя ба раъйи мардуми кишвар 25 декабри соли 2015  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» қабул карда шуда, он нигоҳ доштани ваколатҳои алоҳида, таъсир дар ба амалбарории сиёсати давлатӣ,  дахлнопазирии шахсӣ, молу амвол  ва  бархурдории Пешвои миллатро аз имтиёзҳо баъди  рафтан аз сари қудрат пешбинӣ менамояд.
Тағйироти ба моддаи 65 Конститутсия пешниҳодшуда, ба Қонуни мазкур заминаи конститутсионӣ бахшида, ҳамзамон муқаррар менамоянд, ки ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида, яъне меъёре, ки мувофиқи он як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, татбиқ намегардад.
Ин тағйирот ба таҳлили анъана  ва расму ойинҳои таърихӣ ва муосири давлатдорӣ  асос ёфта, ҳадафи он  ҳифзи бардавомии давлатдории миллӣ дар пешорўйи  таҳдидҳо ва имтиҳонҳои навин  мебошад.  
Дар кишварҳои шарқӣ роҳбари давлат чун анъана меҳвари ҳокимият, мояи ваҳдати миллӣ, кафили амнияту субот ва рушду нумўи кишвар буда,пояҳои давлатдорӣ, тартибу низом ва сулҳу осоиш то замоне устуворанд, ки  пешвои матину қавиирода ва аз бовариву муҳаббати мардум бархурдор,  дар сари қудрат аст.
    Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дорои ҳамаи ин сифатҳо буда, на танҳо дар дохили кишвар, балки  дар арсаи ҷаҳонӣ барҳақ ҳамчун  наҷотбахши миллати тоҷик эътироф шудааст. Аз ин лиҳоз, идомаи роҳбарии ў ба нафъи  мардум ва кафолати пойдориии давлати мустақили Тоҷикистон мебошад.
    Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ки ҷузъи онро фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ ташкил медиҳад, ба инобат гирифтани таҷрибаи дар ин роҳ андўхтаро тақозо менамояд.
Ҷои баҳс нест, ки дар дохили кишвар фаъолият  намудани ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо, созмонҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ  ба манфиатҳои миллӣ созгор набуда, баракс, омили дахолат ба корҳои дохилии давлат, халалдор намудани ваҳдати миллӣ ва афкандани тухми низоъ дар ҷомеа мебошанд.
    Маҳз ҳамин омилҳона як бору ду бор ҷомеаи моро ба гирдоби кашмакашҳои  сиёсӣ ва бесуботӣ  кашонида, имрўзҳо низ  таъсири манфии худро ба вазъи  вазъи сиёсӣ- ҷамъиятии кишвар расонида истодаанд.
Аз ин лиҳоз, танзими фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои демократӣ ва ризояту ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеааз масъалаҳои мубрами  рўз мебошад.
    Дар робита ба ин, ба моддаи 82 Конститутсия тағйирот пешниҳод шудааст, ки он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудани чунин ҳизбҳо, инчунин маблағгузории ҳама гуна ҳизбҳои сиёсиро аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ  манъ менамояд.
Бахши умдаи Тағйиру иловаҳо  хусусияти таҳрирӣ  дошта, ҳадафи онҳо аз нигоҳи мантиқӣ ва имлоӣ  дақиқ намудани меъёрҳои Конститутсия  мебошад.
     Бо ин мақсад дар  моддаҳои алоҳидаи Конститутсия баъзе қисмҳо, бандҳо, ибораҳо ё калимаҳои алоҳида хориҷ, илова ё иваз карда мешаванд.