Аз аввали моҳи сентябр, бо оғози дарсҳо дар макотиби оливу миёна шумори хонандагони ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ афзуд. Маълум мешавад, ки хонанадагони баргашта аз таътил дубора дунёи худро дар китобхона ва миёни китобҳои наву куҳна меёбанд.
Ҳамарӯза садҳо тан вориди толорҳои хониш мешаванд, то аз бойгонии Китобхонаи миллӣ истифода кунанд. Даҳҳо тан ба узвияти нав қабул мешаванд, онҳо бори аввал по ба ин даргоҳи маърифат мегузоранд ва бо раҳнамоии кормандони масъули Китобхона роҳро ба толорҳои хониш ба рӯи худ боз мекунанд.