Гулчини ашъори Мавлоно Ҷомӣ ба забони ӯзбекӣ, бо сарсухани Шавкат Мирзиёев нашр шуд

 Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ду китоб бо ороиши олӣ бо номҳои “Муҳаббат махзанӣ” ва “Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки ҳарду ахиран дар шаҳри Тошканд бо сифати баланд чоп шудаанд, тақдим намуд. “Муҳаббат махзанӣ” баргузидае аз ашъори шоири маъруфи тоҷик Абдурраҳмони Ҷомӣ мебошад, ки бо ҳуруфи крилӣ ба забони ӯзбекӣ чоп шудааст.

 Китоб бо сарсухани муфассали Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо номи “Мумтоз шеъриятнинг порлоқ юлдузи” (Ситораи духахшони шеъри классикӣ) рӯйи чоп омадааст. Сарвари давлати Ӯзбекистон баъди таҳлили пурмуҳтавои чигунагии осори Мавлоно Ҷомӣ аз он изҳори хушӣ мекунанд, ки саодати онро дорад, ки ин китоби хубро ба ҳама дӯстдорони назму наср ва каломи пурэъҷози Абдурраҳмони Ҷомӣ пешниҳод кунад. Ӯ навиштааст: “Барои ман шарафи бузург аст, ки ба мухлисони адабиёт бо забони модарии худ як нусхаи олим ва мутафаккири бузург бо номи “Муҳаббат Махзан”-ро тақдим мекунам”.

 Ғазалҳо дар китоб дар тарҷумаи Ғафур Ғулом, Ҳабибӣ, Чустӣ, Васфӣ, Боқир, Улфат, Шоислом Шомуҳаммадов, тарҷеъбанд аз Мирзо Кенҷабек, мураббаъ аз Эргаш Очилов, қитъаҳо аз Шоислом Шомуҳаммадов, Сироҷиддин Сайид, Эргаш Очилов омадаанд. 

 Китоб дар ҳаҷми 456 саҳифа, бо ороиши хуб ва истифодаи минётурҳои ҷолиби қадим интишор ёфтааст.

Ҳоло дӯстдорони каломи бадеъ имкон доранд дар Китобхонаи миллӣ ин китобро мутолиа намоянд.