Суҳбати муфид дар атрофи Паёми Пешвои миллат дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2019-01-18 10:39
17 – уми январи соли 2019 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷаласаи роҳбарият ва кормандони муассиса бо иштироки мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷаҳонгир Саъдизода баргузор гардид.
Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода мазмуну муҳтаво ва нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии мамлакат ирсол гардид, ба кормандони муассиса шарҳу тафсир намуд.
Мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷаҳонгир Саъдизода оид ба масъалаҳои баланд бардоштани дониши сиёсии ҷавонон, тарбияи ҳисси ватанпарастии насли имрӯза, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва дигар падидаҳои хавфноку хатарноке, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаанд, сухан гуфта, саҳми ҷавононро дар пешрафти ҷомеаи имрӯза муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф ҳамзамон ҷавононро ба созандагию бунёдкорӣ, муттаҳидӣ дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, ки дар симои ҷавонони имрӯза насли ояндасози миллатро мебинанд, даъват намуд.
Аҳли кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» иброз доштанд, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлатро, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд, сармашқи фаъолияти корӣ қарор медиҳанд.
Дар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон дар атрофи Паёми Пешвои миллат ва муҳимтарин масъалаҳои он табодули афкор сурат гирифт.