Рӯнамоии “Айёре аз Хуросон” баъди чиҳил соли таълифи он
Нашр шуд 2020-12-04 17:17
Имрўз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо иштироки ҷамъе аз адибон, донишмандон, пажӯҳишгарон ва рӯзном анигрони ватаниву хориҷӣ маҳфили фарҳангӣ ва ҳунарии рўнамоии китоби «Айёре аз Хуросон»-и устод Халилуллоҳ Халилӣ баргузор шуд. Китоби мазкур бо талоши муассисаи Китобхоаи устод Халилуллоҳ, ки мақари он дар шаҳри Душанбест ва сарвари он Ҷаъфар Ранҷбар чоп шудааст. Китобро Ҷумъахони Сайдалӣ аз хати форсӣ ба крилӣ баргардон ва аз ҷониби Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон рӯйи чоп омадааст.
Гуфта мешавад, ки масъулин ва ташаббускорони чопи китоби “Айёре аз Хуросон” онро ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва чилумин соли таълифи китоб интишор додаанд.
Устод Халилуллоҳи Халилӣ китоби “Айёре аз Хуросонро 40 пеш таълиф кардаву он бо хати крилӣ бори аввал интишор меёбад. Китоб аз рӯзгору фаъолияти Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ, шоҳи тоҷики Афғонистон, ки хеле муддати кутоҳ сарвари ин кишвар буд, ҳикоят мекунад.
Раҳима Аъзам,
мутахассиси шуъбаи тарғиб ва чорабниҳои фарҳангӣ.