«Пайғоми эҳё ба насли фардо - Ман ба Шумо сулҳ меорам»

 Чунин ном дошт ҳамоиши илмӣ – оммавие, ки қабл аз зуҳри имрӯз дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд. Ин ҳамоиш, ки ба Рӯзи Президенти   Тоҷикитсон бахшида шуда буд, бо ташаббуси Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии   Тоҷикистон бо ширкати густардаи донишмандон, таҳлилгарон, рӯзноманигорон доир гардид.

 Нишастро бо сухани ифтитоҳӣ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода оғоз кард ва зикр намуд, ки “инак, соли чорум аст, ки мувофиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14.05.16 дар саросари Ватани маҳбубамон   Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона ҷашн гирифта мешавад.

 Ба 16 ноябр рост омадани ҷашни мубораки умумимиллӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бастагӣ ба он дорад, ки маҳз 16 ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, шакли идоракунии Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ иваз карда шуд”.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, зимни суханронии худ аз рӯзҳое ёдовар шуд, ки барои Тоҷикистон мушкилтарин рӯзҳову моҳҳо буданд. Ҷанги дохилӣ идома дошт ва Президенти кишварро лозим меомад таваҷҷуҳи худро ҳам барои хатми ҷангу бозгардонидани паноҳандагон ҷалб кунад ва ҳам Тоҷикистонро ба арсаи байналмилалӣ ошно созад. Ва боз барқарор кардани оқибатҳои харобиовари ҷанги хонумонсӯз мушкили дигаре буд.   

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки чаҳор ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудаанд, аз қабили раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун омили муҳим дар ваҳдату ҳамбастагии ҷомеа амал мекунанд.

Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нуфузи худро бо талошҳо ва ташабусҳои созандаву башардӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор намудааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати мо ҳамчун давлати муосири демократӣ эътироф шудааст. Эътирофи Тоҷикистон чун давлати пешбари ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз сўи давлатҳои сайёра, созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявию фарҳангӣ нишон аз гузоштани пойгоҳи мондагор ба бунёди давлатдории навини тоҷикон ва рушди  устувори иҷтимоиву иқтисодии он мебошад. Ҳамаи ин талошҳо бо шарофати заҳмати софдилонаи шабонарӯзии халқамон ва иродаву азми қавии сиёсӣ, хирадмандию дурандешӣ ва кордониву ташаббускории Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Рањмон ба даст омадаанд.

Раҳнамо Абдулло Ҳаким - мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як суханронии пурмуҳтавову муфассале дошт, ки паҳлуҳои мухталифи фаъолияти Президентро дар чанд бахши муҳим таҳлил намуд. Аввалан ӯ аз наҷоти давлатдории тоҷикон гуфт ва зикр намуд, ки “қадами нахуст ё асоситарин дастоварди давлат ва мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ин аст, бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи ў давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ин масъала муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихи муосири мост, зеро бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва тамоми ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод”. 

Абдуллои Раҳнамо дар бахши дигар аз суханронии худ аз ҳифзи тамомияти арзӣ ва барқарор намудани аркони давлатдорӣ ҳарф зад. “Дар қадами дуюм, талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат боис гашт, ки тамомияти арзӣ, яъне ягонагии сарзамини Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад. Ва Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ низоми мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор намуда, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдории моро эҳё намояд”.

 Ба андешаи таҳлилгар барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ташаккули мактаби давлатдорӣ, эҳёи миллии тоҷикон чун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ, таъмини ҷойгоҳи сазовор дар арсаи байналмилалӣ аз иқдомоти дигари шоистаи Сарвари давлат буд, ки комёб шуд. “Имрӯз бо камоли ифтихор метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақили соҳибихтиёр ҷойгоҳи муносиб ва сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст. Ин тантанаи як ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик аст, ки хушбахтона, зери роҳбарии Эмомали Раҳмон ҷомаи амал пӯшид”,-гуфт ӯ ва идома дод: - Агар ин дастовардҳои усулиро канори ҳам гузорем, метавон гуфт, ки дар натиҷаи фаъолияти ҷиддӣ ва бисёрсамтаи Эмомалӣ Раҳмон давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз гардид, Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин шуд, зерсохторҳои зарурии Ваҳдати миллӣ барқарор гардиданд, сохти давлатӣ ва самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас шуд, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гашт ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд”.

 Дар охир миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон дар ин мавзуъ табодули афкор сурат гирифт.

Дар доираи ҳамоиши «Пайғоми эҳё ба насли фардо - Ман ба Шумо сулҳ меорам» намоиши китоб низ баргузор гардид. Ширкаткунандагони нишаст дар фарҷоми он аз ин намоиши китоб дидан карданд.

Фарзонаи Мирзо