Ободонии рӯзи якшанбе: Гирду навоҳи Китобхонаи миллӣ боз ҳам назаррабо мешавад
Нашр шуд 2017-05-08 10:04
Субҳи рӯзи якшанбе чун анъанаи рӯзҳои пеш дар Китобхонаи миллӣ рӯзи ободонӣ буд. Аз сари субҳ гуруҳе ба нармкунии заминҳои атроф, бехи дарахтону гулҳои рангоранд камар бастанд.
Дар ин рӯз талош карданд бештар алафзорро аз ифлосиҳо тоза кунанд, алафҳои бегонаро аз миёни гулҳои тозаруст пайдо ва бичинанд.
Ба шарофати роҳандозии чунин рӯзҳои низофату покӣ атрофи Китобхонаи миллӣ боз ҳам назарабову дилкаш мешавад.