Роҳ ба сўи мактаб

31 августи соли равон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», бахшида ба Рӯзи дониш бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии хайриявӣ таҳти унвони «Роҳ ба сўи мактаб» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ба зиёда аз 30 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат сару либоси мактабӣ, лавозимоти дарсӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва дигар ашёи хониш тақдим карда шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода кўдакону наврасонро бо фарорасии Рӯзи Дониш табрик намуда, таъкид намуд, ки тасмими Ҳизб идомаи ҳидоятҳои Пешвои миллат буда, аз мову шумо тақозои онро дорад, ки ҳар кадомамон дар мавқеи худ сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ ва дастгирӣ намоем.

Ҳамчунин, муовини аввали Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Саъидҷафъар Сафаров кӯдаконро шодбош гуфта, барояшон хониши хубу дониши аъло таманно намуд ва ҳамзамон таъкид намуд, ки кўдаконро месазад барои дониши хуб андӯхтан аз Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ самаранок истифода бурда, ҷаҳони маънавии хешро бою рангин созанд.

Инчунин муовини директори Китобхона Салима Раҷабова ба баргузории Рўзи китоб ва Истиқлолияти давлатӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ишора намуда, таъкид дошт, ки «насли наврас кабутарони фазои сулҳу суботи кишвар мебошанд, ки тамоми чорабинию тадорукоти мо маҳз барои шумо равона шудааст ва бояд ҳамеша бо Китобхона робита намоед ва аз имкониятҳои маънавию техники Китобхона самаранок истифода баред».

Дар ҷараёни чорабинӣ кормандони шуъбаи тарғиб ва  баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ кӯдаконро бо шуъбаву марказҳои Китобхона шинос намуда, ба онҳо саёҳати хушу хотирмонро роҳандозӣ намуданд.

Фарзонаи МИРЗО