Ганҷи озмун. Шаҳнози Шаҳнавоз. Шоираи 20-солаи норакӣ
Нашр шуд 2020-12-10 13:37
Шаҳнози Шаҳнавоз, 20 сола, аз ҳама иштирокчии ҷавон дар наминатсияи Шоирӣ буда, зодаи шаҳри Норак мебошад. Донишҷӯи бахши сеюми коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе буда, дар бахши филология таҳсили илм мекунад. Аъзои фаъоли маҳфили Хайрандеш аст. Эҷодиёташ ҳудуди севуним ҳазор мисраъро дар бар мегирад.
Яке аз талаботҳои ин наминатсия дар 13 жанр шеър эҷод намудан аст. Шаҳнавоз тавонистааст, дар 13 жанр шеър гӯяд. Модари Шаҳнавоз китобдори Китобхонаи дустии халқҳои шаҳри Норак аст. Вақте аз фаъолияти эҷодияш пурсон шудем, гуфт, аз синни 15 солагӣ ба навиштани шеър шуруъ намудаам. Устоди нахустинам дар ҷодаи шеър шодравон Муҳаммадалии Аҷамӣ буданд. Ёдашон ба хайр бошад. Ҳоло бошад бо устод Рустами Ваҳҳоб ҳамкорӣ дорам. Ҳадафам ин аст, ки эҷоди шеър муваффақ бошам, мегӯяд Шаҳнавоз.
Мегӯяд аз эҷодиёти шоирони машриқзамин аз Фурӯғи Фаррухзод, Муҳаммад Иқбол, Қайсари Аминпур, Симин Бебаҳонӣ, ва Суҳроби Сипеҳрӣ бештар ҳифз намудаву пайваста эҷодиёташонро мутолиа мекунам. Аз классикони форсу тоҷик бештар рӯ овардам, ба эҷодиёти Мирзо Абдулқодири Бедил, Ҳофизи Шерозӣ Саййидои Насафӣ ва дигарон.
Ва аз осори адабиёти муосири тоҷик бошад бештар бароям эҷодиёти шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ, Рустами Ваҳҳоб, Камол Насрулло, Гулрухсор Сафиева писанд аст ва шеърашонро мехонаму азёд мекунам.
Ёдовар мешавем, ки номинатсияи Шоирӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" барои имсола нав буда, танҳо он нафароне, ки аз қонуниятҳои шеър баҳраваранд ва узви Иттифоқи нависандагон нестанд, метавонанд ширкат варзанд.
Номинатсияи Шоирӣ 23 довталаб дорад.
Фарзонаи Мирзо