Таҷлили Рўзи Рўдакӣ дар Китобхонаи миллӣ
Имрӯз қабл аз зӯҳр, бо ташаббуси Маркази Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ” зери унвони “Соҳибқирони шоирон Устод Рӯдакӣ”доир гардид.
Муовини якуми Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба муҳимтарин тадқиқоти рӯдакишиносон ҷалб намуд. Чунончӣ, Салима Раҷабзода қайд намуд, ки рӯдакишиносӣ ва рӯдакипажӯҳишӣ аз реша ба асрҳои пеш дорад ва дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон он бештар рушд кард. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодрӯзи Одамушшуаро “Рӯзи Рӯдакӣ” ном гирифт ва ҳамасола таҷлил мешавад.
Баъдан, Шамсиддин Муҳаммадиев, номзади илмҳои филологӣ, котиби илмии Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ зери унвони “Бадеиёти шеъри Рӯдакӣ” суханронӣ намуда, ёдовар шуд, ки “Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он Устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдинааш бо унвонҳои ифтихорӣ: Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Муқаддумушуаро, Одамушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд. Асосгузор ва сардафтари адабиёт аслан маънои онро надорад ки пеш аз дигарон асар эҷод карда бошад”.
Анзурат Маликзода, номзади илми филология, ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ зери унвони “Рӯдакӣ шоири замонаҳо” маърӯза кард. Ӯ қайд намуд, ки “Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шоири бузурги на танҳо миллати тоҷик, балки суханвари камназири ҷаҳонӣ мебошад. Ашъори пандомӯзи зиндагидӯстонаи устод асрҳост, ки барои инсонияти сайёра роҳу равиши зиндагӣ ва тариқи одамгарӣ меомӯзонад. Ӯ шоири бузурги хирадгаро ва тарғибгари ахлоқи писандидаи инсонист. Ҳама он нуқтаҳои пандомӯзонаву андарзӣ ва ҳикматомезонаро, ки Устоди шоирони ҷаҳон 1160 сол пеш аз рӯзгори мо сурудааст, дархӯрди ормонҳои инсониву иҷтимоии имрӯзи ҷомеаи мо ва умуман мардуми олам аст. Ингуна андарзҳои ӯро хонда, кас гумон мекунад, ки гӯё устод Рӯдакӣ онҳоро барои имрӯзиён гуфта бошад. Масалан,
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромӯшт...
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар куфтанат мушт.
Хулоса, Устод Рӯдакӣ бузургтарин шоири миллӣ ва ҷаҳонии мардуми тоҷик аст!”,- қайд намуд А. Маликшоева.
Дар охир, аз ҷониби хонандагони макотиби миёнаи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ аз сурудаҳои устод Рӯдакӣ намунаҳо қироат шуд.
Фарзонаи МИРЗО