1000 байту 90 китоб аз адабиёти ҷаҳон. Назира Тухтарова
Нашр шуд 2020-12-09 13:37
Меҳри китобхониро дар дилаш модараш - директори китобхонаи оммавии шаҳри Бўстон бедор кард. Маҳз бо тавсияи ў ширкаткунандаи озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид. Назира дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» ширкат мекунад.
Вақте «Евгений Онегин»-и Александр Пушкинро нақл менамуд, ба назар мерасид ҳаяҷонзада шудааст. Шояд бори аввал буд, ки назди устодони сахтгир имтиҳон мешавад.
Мегуфт чун дилбастагии хоса ба адабиёти ҷаҳон дорад ва китобҳои зиёде хондааст, модараш тавсия додааст, ки дар озмун ширкат кунад. Аммо ҳакамон суол карданд, ки чаро аз адабиёти тоҷик камтар хондааст. Посух дод, ки вақт камӣ мекунад. Шавқам ба адабиёти олам бештар аст.
Назира мегӯяд хушҳол аст, ки ба ҳарфи модар гӯш до два заҳматҳояш ҳам беҳуда набуданд. Дар озмуни вилояти ширкат кардаву боз соҳиби роҳхат ба озмуни ҷумҳуриявӣ шудан, ба ҳар кас муяссар намешавад.
Назира Тухтарова, донишҷўи соли 2-юми факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ дар даври шаҳрии озмун ҷои аввал ва дар даври вилоятӣ соҳиб ҷои 3-юм гаштааст.
Ҷек Лондон, Виктор Ҳуго, Александр Пушкин, Максим Горкий, Антон Чехов ва Лермонтов аз адибони мавриди алоқааш аст. Аз хондани китобҳои машҳури Дейл Карнеги «Как завоевать друзей» ва «Как вступать публично» хушаш омад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ин номинатсия имсол 61 нафар иштирок мекунанд.
Раҳима Аъзам,
шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.