Мизи мудаввари “Сада – башорати Наврӯзи оламафрӯз” дар Китобхонаи миллӣ

Дар Китобхонаи милли Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ мизи мудаввар бахшида ба ҷашни Сада зери унвони “Сада – башорати Наврӯзи оламафрӯз”доир гардид.

 Салима Раҷабова – муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ фарорасии ин ҷашни бостониро ба кулли ширкаткунандагон муборакбод кард. Ҳамзамон, муовини Директори Китобхона Салима Раҷабова ёдовар шуд, ки “Сада яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми эронинажод аст, ки бо номҳои Барсада ё Навсада низ маълум буд. Мувофиқи солшумории имрӯза он ба 30 январ рост меояд. Дар ин рӯз мардум хурсандиҳо мекарданд, зеро табиат аз нав зинда ва хунукиҳои зимистон сипарӣ мешуданд. Мардум ба саҳроҳо мерафтанд ва ба гулу гиёҳҳо назар мекарданд. Дар бораи ҷашни Сада ривояту афсонаҳо хеле зиёданд. Бархе гуфтанд, ки миёни Сада ва Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аст, ки ҳамагӣ сад мешавад. Дигаре гуфтанд, ки дар шаби Сада офариниши сад тан мардум аз насли Машию Машиёна тамом шуда буд”.

Эҳёи дубораи ҷашну  маросим ва суннатҳои мардумии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон, Сада ва даҳҳои дигар дар замони истиқлолият дар Тоҷикистони озод гувоҳи равшани ба асолату расолати таърихии худ бозгаштани миллати моянд. Аксари ин маросимҳо, хусусан Наврӯз, Меҳргон ва Сада таҷассуми одобу хирад, фарҳангу маданият, хуллас, симои  маънавии мардуми тоҷиканд”,- гуфт муовини Директори Китобхонаи миллӣ.

Чунончӣ Салима Раҷабова илова намуд, “Сада ҷашни нур, ҷашни рӯшноӣ, намои пирӯзиҳои инсон аст. Ва инҳо ҳама рамзи ормонҳои башарӣ ҳастанд, ба дарду ормони башарият мехуранд, орзуҳои онҳоро ҷилвагарӣ мекунанд. Беҳуда нест, ки Наврӯзи хуҷастапайи тоҷикон мақоми байналмиллалӣ гирифт ва аз ҷониби мардуми дунё бо муҳаббати хос эътироф гардид. Бо ҳамин обрӯ метавонанд ҷашнҳои дигари мо - Меҳргон ва Сада низ мақоми ҷаҳонӣ дошта бошанд. Зеро онҳо низ бо тамоми зуҳуроти неку хайрхоҳонаашон башарӣ ва умумиинсонӣ ҳастанд.

Ин ҷашнҳо дар Тоҷикистони азизи мо эҳёи тоза ёфтанд. Эҳёву таҷлили Наврӯз дар замони Истиқлолият воқеан эҳёву таҷлили бунёди маънавиву фарҳангиву инсонии халқи мо гардид, ки мардум онро  имрӯз чун ҷашни зодрӯз ва асолати худ таҷлил мекунанд. Истиқболи мардум аз ҷашни Меҳргон низ  гувоҳи зотӣ будани ин ҷашн барои мо, гувоҳи зиндаву пойдор будани суннатҳои баланди тоҷикон аст.

Имрӯзҳо боз як ҷашни дигари таърихиву асотирии миллати мо- ҷашни Сада эҳёи дубора меёбад. Эҳёи дубораи Сада, истиқболи гарму пурмуҳаббати мардум аз ин ҷашни нуру рӯшноӣ низ гувоҳи он аст, ки бо гузашти ин ҳама ҳазорсолаҳо оташи фурӯзони Сада дар умқ-умқи ҳастии миллати мо маҳфуз будааст. Ҷашни Сада яке аз қадимтарин ҷашнҳои инсоният аст ва то ба ҳоло дар ниҳоди мардуми мо фурӯзон мондани он гувоҳи бешаки қадимӣ будани тоҷикон аст, зеро пайдоиши ин ҷашн ба кашфи оташ аз ҷониби инсон марбут аст. Бубинед, ин ҷашнест, ки дар замони аввалин кадхудои Замин- Каюмарс бунёд ёфтааст ва бунёдгузору кошифи он Ҳушанг- набераи чаҳоруми ҳазрати Одам будааст”.

Баъдан, суханрониҳои муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ, номзади илмҳои филологӣ  Дилшод  Раҳимӣ, баромади профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Расулиён Қаҳҳор шунида шуданд.

Чунончӣ муаррих Расулиён Қаҳҳор аз таърихи пайдоиши ин ҷашни миллии миллати тоҷик сухан ронда, ёдовар шуд, ки “бино ба тадқиқоти олими мардумшинос ва мутахассиси  фолклор Равшан Раҳмонӣ таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрўз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.

 Дар идомаи сӯҳбат фолклоршинос Дилшод Раҳимӣ оид ба ҷашнҳои Тиргон, Меҳргон, Сада ва Наврӯз ёдовар гардида, қайд намуд, ки “Дар бораи ҷашни Сада ҳанӯз дар қадимтарин осори гузаштагони мо, аз ҷумла “Авасто” маълумот дода мешавад  ва оташе, ки  дар оташкадаву маъбадҳои зардуштӣ фурӯзон буд, ҳамеша нур ва рӯшноӣ ба фарҳангу маърифату одоб ва сиришти мардуми мо бахшида, ӯро аз ҷодаҳои хайру  некӣ ба роҳи ростин раҳнамоӣ кардааст. Имрӯз маҳфуз мондани нури ин оташ дар бунёди миллати соҳибтамаддуни мо беҳуда нест. Зеро оташи Сада, оташи бунёдии мардуми мо воқеан аз ниҳоди равшанипарасти халқамон рӯ задааст. Ин оташ чу рамзи некӣ бар муқобили бадӣ, чун рамзи рӯшноӣ ба муқобили торикӣ ба вуҷуд омадааст.

Имрӯзҳо эҳёву зинда шудани ойинҳои қадимии башарият хусусан дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва ҷашнҳои қадимии худро соҳибӣ кардани халқи мо далели миллати қадимӣ ва соҳибтамаддун будани тоҷикон аст. Бо гузаштани ҳазорон сол эҳёи дубораи ҷашни Сада маҳз дар Тоҷикистони азизи мо боз ҳам гувоҳи он аст, ки оташи Сада ҳамеша дар умқ-умқи халқи мо, дар дилу ҷони тоҷикон ин ҳама асрҳо маҳфуз будааст, ки имрӯз аз нав фурӯзон гардид. Мардуми мо хуб медонанд, ки баъзе аз суннатҳои ин ҷашн: оташафрӯзӣ дар маъракаҳо, аз болои алов париданҳо, гирди гулхан чарх задани арӯсу домод ва бисёр таомулҳои дигари вобаста ба оташ  то имрӯз ҳам дар байни мардуми мо  вуҷуд доранд ва далели зиндаи рӯшноипарастии мардуми моянд”.

Дар охир миёни ширкаткунандагон мубодилаи афкор  сурат гирифт.

Ёдовар бояд шуд, ки дар чорабинии мазкур намояндагон аз Пажуҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, воситаҳои ахбори омма, кормандони Китобхонаи миллӣ ширкат доштанд.

  Фарзонаи МИРЗО

Аксҳои Хусрави Милод