Ганҷҳои озмун. Рухшона Бобошоҳзода, хонандаи синфи 11 аз деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод
Нашр шуд 2020-12-14 13:55
Рухшона довталаб дар номинаи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик” мебошад ва соли дуюм аст, ки дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат мекунад. Вай мегӯяд, аз адибони муосири тоҷик зиёда аз 200 асари насрӣ хондааст, бештар аз 150 ғазал, 400 байт аз достонҳои мухталиф, зиёда аз 130 дубайтиву рубоӣ аз бар намудааст. 70 повест ва 40 роман, аз 85 ҳикояву новеллаҳо мутолиа кардааст. Инчунин, 10 асари ёддоштӣ низ хондааст.
Чуноне гуфтем, Рухшона дар озмун одами нав нест, бори дуюм аст иштирок мекунад ва тӯли ду сол дар ҳамин номина худро санҷидааст. Мегӯяд: “Ман миннатдории хешро сараввал ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки баҳри мо наврасону ҷавонон чунин озмунҳоро барои тақвияти нерӯи зеҳнӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, такмили захираи луғавӣ ба роҳ мондаанд. Баъдан, миннатдориамро ба волидонам хусусан ба падари меҳрубону ғамхорам Сӯҳроб Шарифов, ки хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд, мерасонам. Зеро эшон барои то ба ин марҳилаи озмун омада расидани ман саҳми боризе гузоштаанд. Банда, аз деҳаи дурдасте ҳастам ва на ҳамаи китобҳое, ки дар талаботи озмун муқаррар гардида буд, бароям дастрас буданд. Падарам қариб қисми зиёди ктобҳоро ба ман харидорӣ намуданд. Ва ман дорои китобхонаи шахсии худам ҳастам. Дар китобхонаи хеш ҳудуди 700 нусха китоб дорам. Инчунин, узви фаъоли китобхонаи деҳаи худ, китобхонаи ноҳияи Файзобод ва узви фаъоли Китобхонаи боҳашамати миллии Тоҷикистонам”.
Дар идомаи суҳбати кутоҳамон Рухшона гуфт, ки хеле ҳаяҷонзада аст. “Ман ҳамин лаҳзаҳо худро хушбахттарин ширкаткунандаи озмун меҳисобам. Зеро банда ба ҳамаи суолҳои аъзои ҳакамон ҷавобҳои дурусту пурра додам ва дар охир онҳо гуфтанд, “Шумо ягона нафаре ҳастед, ки бо ҷавобҳои худ моро ба ҳайрат овардед” ва маро “аҳсан” гуфта ҷавоб доданд. Аз ин ин суханони аъзои ҳакамон айни ҳол хеле хушҳолам”.
Рухшона мехоҳад оянда омӯзгор шавад. “Ман дар оянда нақша дорам, омӯзгор шаваму ба халқу миллати хеш хизмат намуда, номбардори ин сарзамину ин диёри хеш гардам”,-гуфт ӯ.
Барояш барору комёбиҳоро таманно дорем!
Фарзонаи МИРЗО