Панҷ номгӯ китоби Бобоҷон Икромов ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд
Нашр шуд 2017-06-15 18:48
Бобоҷон Икром-адиб ва рӯзноманигори саршиноси кишвар панҷ номгӯ китобҳои тозанашри худро ба Китобхонаи миллӣ эҳдо кард.
Рӯзи 15-уми июни соли равон ба шуъбаи такмили адабиёти Китобхонаи миллии Тоҷикистон 5 номгӯ китобҳои адиб ва рӯзноманигори шинохта, барандаи ҷоизаи байналмилалии «Зеҳни миллат», дорандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва ҷоизадори Иттифоқи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ Бобоҷони Икром супорида шуд.
Аз ҷумла, инҳо китобҳои: «Шамъи дар нимашаб фурӯзонгашта» (96 нусха), «Оли Хуҷанд» (96- нусха), «И звезды плачут» (Ситораҳо ҳам мегирянд) (20- нусха), «Ашки сӯзон» (5- нусха), «Хандаборон» (2 -нусха) мебошанд.
Бобоҷон Икром 10-уми октябри соли 1957 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами№ 25-и деҳа соли 1973 ба шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1978 баъди хатми Донишгоҳ ба сифати муҳаррири хурд дар телевизиони Тоҷикистон ба кор шурӯъ карда, дар муддати 18 соли фаъолияти эҷодӣ дар телевизиони Тоҷикистон дар вазифаҳои муҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии «Ахбор», сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқии телевизион, сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ, директори идораи барномаҳои телевизиони Тоҷикистон ва ҷонишини раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Бобоҷони Икром дар баробари пешаи журналистӣ ба мйдони адабиёт ворид гардида, асарҳояш ба монанди «Ашки сӯзон», «Хотираҳои офтобӣ», «Ҷаҳон тан асту Тоҷикистон ҷон», (коркарди адабӣ), «Ситораҳо ҳам мегирянд» (И звезды плачут), «Биҳишт бо дӯст накӯст» (мураттиб ва муҳаррири масъул), «Шаҳри ханда», «Хайём ва Путин», «Шамъи дар нимашаб фурӯзонгашта» ва «Хандаборон» аз ҷониби хонандагон хуб пазируфта шудааст. Намоишҳои телевизионии ӯ «Армони модар», «Дидор», «Ашки сӯзон» инак 25 сол аст, ки аз тариқи щабакаҳои мухталифи телевизиони Тоҷикистон пахш мегарданд.
Акнун хонандагони Китобхонаи миллӣ имкон пайдо карданд бо асарҳои адиб ва рӯзноманигори маъруф аз наздик ошно шаванд.
Фарзонаи МИРЗО