Шӯъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикитсон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии вижа доир кард, ки дар он хоннадагони толори хониши шуъба, донишмандон, масъулини идораҳои давлатии мутасаддӣ ба роҳандозии чорабиниҳои ин сол, ҳунармандон ширкат карданд.
Муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова дар сухани ифтитоҳии худ дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 ҳарф зад. Вай гуфт, ки дар ин сол Китобхонаи миллӣ як силсила барномаҳо таҳия кардааст, ки яке чорабинии имрӯз аст.
Баъдан, Хадича Сафиева, - мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Душанбе, Ширин Амонзода- муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурулло Қурбонализода - сардори раёсати таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Фирӯз Қодиров - муовини сардори гурӯҳи Авангарди Вазорати корҳои дохилаи кишвар, Фаридун Мирзоев - муовини сардори раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мастона Бӯриева намояндаи ширкати сайёҳии “Ором саёҳат” суханронӣ намуда, ба саволу дархостҳои хонандагони шуъбаи хизматрасонии махсус посухҳои мушаххас доданд.
Қисмати дуюми чорабинӣ фарҳангӣ буд ва дар он Заринаи Абдураҳим, Абдулазиз Ашуров, аъзоёни фаъоли шуъбаи махсус ва Лайло Муқимова, Ганҷина Сафарова аз ансамбли “Наврӯз”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сурудҳои тозаэҷоди хеш хотири ҳамагонро шод намуданд.
Бояд зикр намоем, ки дар чорабинӣ маҳсулоти ҳунарҳои мардумии кишвар аз ҷониби Муассисаи касбии литсейи касбии махсуси маъюбон, Муассисаи давлатии маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоии нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе, инчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз гӯшаи “Дастони моҳир”-и шуъбаи хизматрасонии махсус ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.
Омодасоз: Фарзонаи МИРЗО
Расм аз Хусрави Милод