Баъд аз зуҳри имрӯз, 18 - уми сентябр дар толори ошёнаи сеюми Китобхонаи миллӣ бо ибтикори шуъбаҳои тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандону пажӯҳишгарон зери унвони “Соҳибқирони шоирон Устод Рӯдакӣ” мизи мудаввар доир шуд, ки ба “Рӯзи Рӯдакӣ” бахшида шуда буд.
Муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова дар сухани муқаддамотии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он ҷалб кард, ки таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ аслан ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Вай гуфт, ки “дар даврони Истиқлоли Тоҷикистон аз нав эҳё гардидани суннати таҷлили “Рӯзи Рӯдакӣ”, имкон дод, ки мо ба рӯзгору осор ва мақому мартабаи адабию фарҳангӣ ва маънавии устод Рӯдакӣ назари тоза андозем. Натиҷаи ин ибтикорот ҳамин аст, ки тайи чанд соли охир ҳамасола рўзи 22- сентябр ҳамчун рўзи бузургдошти устод Рӯдакӣ дар саросари кишварамон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ ва илмию фарҳангӣ ба таври васеъ таҷлил карда мешавад”.
Баъдан, доктори илмҳои филологӣ, профессор Баҳриддин Мақсудов дар мавзўи “Масъалаи интисоби назми “Синбоднома” ба Рӯдакӣ“ сӯҳбат намуд. Вай аз ҷумла гуфт, ки таърихи ҳазорусадсолаи адабиёти навини тоҷик, ки давоми бевоситаи адабиёти қадими он аст, бо номи асосгузори он устод Рӯдакӣ вобаста мебошад. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихории қофиласодори назми форс, соҳибкирони шоирӣ, устоди шоирон, султони шоирон ва одамушшуаро ёд мекунанд. Дар давоми ёздаҳ асри мавҷудияти адабиёти тоҷику форс анъанаҳои Рӯдакӣ ҳамеша зиндаву ҷовидон буданд. Имрӯз ҳам шӯҳрат, манзалат ва эҳтироми устод Рӯдакӣ оламгир аст”.
Инчунин, суханронии доктори илмҳои филологӣ, профессор Мисҳобиддин Маҳмудзода дар мавзуи “Ибтикороти Рӯдакӣ дар адабиёти тоҷик” шунида шуд.
Фарзонаи МИРЗО
Аксҳои Хусрави Милод