маркази қонуни забон

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи забон

​Имрӯз (6 октябр) қабл аз зӯҳр дар толори Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш бахшида ба «Иди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Нурзода Ҷалолиддин-муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишастро оғоз 

Таҷлили Рўзи Рўдакӣ дар Китобхонаи миллӣ

Таҷлили Рўзи Рўдакӣ дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз қабл аз зӯҳр, бо ташаббуси  Маркази Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба  “Рӯзи Рӯдакӣ” зери унвони “Соҳибқирони шоирон Устод Рӯдакӣ”доир  гардид.

Муовини якуми Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба муҳимтарин тадқиқоти рӯдакишиносон ҷалб намуд. Чунончӣ, Салима Раҷабзода қайд намуд, 

Фарҳанги сухан ё одоби муошират

Адабгуфторӣ яке азфазилатҳои фарҳанги сухан аст. Риояи меъёрҳои забони адабӣ дар гуфтор на фақат аз дараҷаи таҳсилоти шахс гувоҳӣ медиҳад, балки сухани вайро ҷаззоб, ширадор ва муассир мегардонад. Мутаассифона, дар муошират, дар суҳбатҳои расмию ғайрирасмӣ бисёр вақт нисбат ба меъёрҳои забони адабӣ нописандӣ зоҳир мешавад, ҳатто дар байни зиёиён ва роҳбарон шахсоне кам нестанд, ки огоҳона бо лаҳҷаи маҳалли худ суҳбат мекунанд.

 

Даргузашти профессор Баҳриддин Камолиддинов-устоди устодони забоншиноси тоҷик

Устоди устодон, яке аз доннадагони хуби забони тоҷикӣ, муаллифи даҳҳои рисолаи илмӣ, устоди даҳҳо профессору дотсентон, пири забоншиносони тоҷик Баҳриддин Камолиддинов дар синни 85-солагӣ бар асари бемории вазнини короновирус тарки олам карданд. Худо биёмурзад! Устод Баҳриддин Камолиддинов яке аз маъруфтарин устодон дар риштаи забон, ки умре аз услубшиносӣ дарс гуфтаву даҳҳо китобу садҳо мақола дар бораи 

Гиромидошти устод Садриддин Айнӣ дар Китобхонаи миллӣ

Қабл аз зӯҳри имрӯз бо ташаббуси Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба бахшида ба 142 – солагии Устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони « Солонаи устод Садриддин Айнӣ» доир гардид.

Мизи гирдро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин 

«Забони миллат – ҳастии миллат». Китоби дуюм: “Забон ва замон”

 Ҷилди дуюми китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» ба нашр расид, ки ифодагари таҳаввули навине дар таърихи забони тоҷикӣ ва баёнгари азамату бузургии ин забону ин миллати куҳанбунёд мебошад.

Масъалаи забони тоҷикӣ ва ҷойгоҳи он дар зиндагии миллати мо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат мебошад. Дар сарсухани китоби чунин омадааст: 

 

Страницы