Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи забон
Нашр шуд 2020-10-07 08:17
Имрӯз (6 октябр) қабл аз зӯҳр дар толори Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш бахшида ба «Иди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Нурзода Ҷалолиддин-муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишастро оғоз намуд ва аз забон ба унвони олитарин зуҳурот ва нишони мавҷудияти ҳар як миллат ёд кард. Вай гуфт: “Забон сарфи назар аз бузургу кўчак буданаш бо номи модар вобаста аст, зеро кўдак калимоти нахустинро аз модар мешунавад ва ҳатто бо он аз модар зода мешавад. Боиси ифтихор аст, ки мардуми хирадманду фарҳангдӯсти мо забони модарии хешро ҳамеша гиромӣ дошта, онро дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ, хотираи таърихӣ ва нангу номус ҳифз мекунанд. Бинобар ин, ҳифзу гиромидошти ин ганҷи модарзодӣ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа-фарзанди Модар мебошад. Бесабаб нест, ки Созмони байналмилалии Юнеско 20-уми февралро рўзи забони модарӣ эълон кардааст. Ин давлатҳоро водор месозад, ки нисбат ба забон бетафовуту бепарво набошанд”.
Дар идомаи суханронӣ Нурзода Ҷалолиддин ёдовар шуд, “Ҳамин нуктаро пешгўӣ карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 1996 дар суханронии худ дар таҷлили Рўзи забон гуфта буд: ”Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд. Барои ҳамин ҳам мо озодона амал кардани забони модарии ҳамаи қавму миллатҳои муқими Тоҷикистонро вазифаи давлатӣ ва конститутсионии худ мешуморем”.
Кормандони илмии шуъбаи забони Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ Дилафрӯзи Ҳасан ва Фирӯза Умарова дар мавриди таърихи пайдоиш ва инкишофи забони тоҷикӣ суханронӣ карданд.
Онҳо роҷеъ ба таърихи забони миллӣ, нақши он дар рушди тамаддун ва фарҳанги маънавӣ, вазъи нашру мутолиа дар ҷомеаи имрӯза, омилҳои рушди забони давлатӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ, низоми воридшавии меъёрҳои дигар дар забони давлатӣ, таъсири забонҳои хориҷӣ дар забондонии ҷавонон суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” - ро қабул кард. 5 октябри соли 2009 баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни номбаргардида он ба амал даромад.
Ҳамасола 5 октябр дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад.
Фарзонаи МИРЗО