Қабл аз зӯҳри имрӯз бо ташаббуси Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба бахшида ба 142 – солагии Устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони « Солонаи устод Садриддин Айнӣ» доир гардид.
Мизи гирдро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода оғоз намуда, зикр намуд, ки “хизматҳои олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар рушди адабиёти тоҷик басо зиёд буда, маҳз он ҳама хизмату заҳматҳои шоистаи устоди абармарди тоҷик буд, ки имрӯз халқи тоҷик ҳамчун дорои адабиёти бою ғанӣ шинохта шудааст. Устод Айнӣ пас аз Инқилоби Октябр роҳбару сарвари адибони тоҷик гашт ва худ ашъори рангин иншо намуд.
Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик устод Айнӣ аввалин шахсест, ки бо асарҳои хеш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардонидааст”.
Ширкаткунандагон суханрониҳои корманди Энсиклопедияи миллии тоҷик Мубашшири Акбарзод дар мавзӯи “Тасҳеҳи ашъори устод Айнӣ”, корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Гулбаҳор Усмонова “Устод Айнӣ нахустин камолшиноси тоҷик“, номзади илми филология, ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Анзурат Маликзода корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Зулфия Исматова “Айнӣ муҳаққиқи осори Саъдӣ”, ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Рахшанда Муҳаммадиева “Назари Айнӣ ба забони ашъори Камол Хуҷандӣ”-ро шуниданд.
Маврид ба тазаккур аст, ки ташкили чунин чорабиниву нишастҳои илмӣ -адабӣ бахшида ба ёдбуди Устод Айнӣ ҳамасола дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Фарзонаи МИРЗО