Имрӯз Барзу Абдураззоқов-ҳунарманди маъруф, инсони донишманду заковатпеша ба синни мубораки 60 қадам гузошт. Барзу Абдураззоқов аз ҷумла шинохтатарин ҳунармандонест, ки дар хориҷи кишвар ҳам хуб мешиносанд. Зарфи чанд соли охир вай бо даъвати театрҳои ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар саҳнаи театрҳои гуногуни ин мамлакатҳо спекталҳоеро ба саҳна гузоштааст, ки мавриди истиқболи гарми ҳаводрони санъати театрӣ