Чаҳордаҳ нафар меҳмонони хориҷӣ дар ин ҳафта аз Китобхонаи миллӣ дидан карданд
Нашр шуд 2018-07-17 15:48
Субҳи имрӯз як гурӯҳ меҳмонони хориҷӣ аз Олмон, Фаронса ва Мексика ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварданд. Онҳо аввал ба бахши бақайдгирӣ ошно шуданд, баъдан раҳ пай гирифтанд барои тамошои дигар шуъбаҳо. Дар Шуъбаи кӯдакон ва наврасон меҳмонон бо гӯшаи “Дастони моҳир”, ки маҳсули дастони атфол буд, таваҷҷӯҳ карданд.
Сипас, онҳо аз шуъбаҳои дигари Китобхона, аз ҷумла аз шуъбаи адабиёти хориҷӣ, шуъбаи дастхатҳои шарқ, толори хониши электронӣ, толори хониш дидан карданд.
Дар осорхонаи китоб, ки он ҷо китобҳои қадима нигаҳдорӣ мешаванд, меҳмонон зиёд таваҷҷӯҳ намуданд. Барои онҳо дидани кутуби қадима ва шеваи нигаҳдошти он чун ганҷинаи нодир хеле диданӣ буд.
Дидори меҳмонони хориҷӣ аз Китобхонаи миллӣ қариб ҳама рӯз доир мешавад. Танҳо аз аввали ҳафтаи ҷорӣ 14 нафар хориҷиён бо ин боргоҳи маърифат аз наздик ошно шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки кормандони Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар чаҳор самт фаъолият мебаранд. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кори шуъба ин саёҳат дар дохили Китобхона мебошад. Яъне, тарғиби фаъолияти китобхона тавассути ВАО, сайёҳат бо пешниҳоди маълумот барои меҳмонон дар дохили китобхона, ташкил ва мусоидат дар баргузории кулли чорабиниҳо ва ташкили намоиши китобҳо дар мавзўҳои мухталиф мебошад.
Фарзонаи МИРЗО