Рӯзи покиву низофат ба истиқболи Ҳафтаи китоб
Нашр шуд 2019-09-02 11:03
Анъана шудааст, ки оғози моҳи сентябр Ҳафтаи китоб аст ва бахшида ба ин рӯз ноширон китобҳои худро дар гӯшаву канори шаҳру ноҳияҳо ба намоиш мегузоранд ва даҳҳо тадорукоти дигар дар ин рӯзҳо амалӣ мешаванд. Як силсила аз ин чорабиниҳо дар саҳн ва дохили Китобхонаи миллӣ мегузаранд.
Рӯзи шанбеи гузашта ба истиқболи Ҳафтаи китоб кормандони Китобхонаи миллӣ як рӯзи худро сарфи низофату покӣ карданд. Чун ин ҳафта аз Рӯзи дарҳои боз оғоз мешавад, табиист, ки хонандагони тозавуруд мехоҳанд бо кори шуъбаву толорҳои хониш шинос шаванд. Аз ин рӯ, кормандон аввалтар аз ҳама утоқҳои кории худро тоза карданд. Баъдан саҳни Китобхонаро аз гарду чангҳо тоза намуданд.
Роҳравҳоро рангубор карданд, дару деворро шуставу пок намуданд. Китобхонаро барои ширкаткунандагони Рӯзи дарҳои боз омода сохтанд.
Расмҳои ҳамкорамон Хусрави Милод аз ин тадорукот ҳикоят мекунанд.