Ваҳдат ва ташаккули фарҳанги миллӣ
Нашр шуд 2018-06-22 17:22
“Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем “.
Эмомалӣ Раҳмон
Бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон субҳи рӯзи 22- уми июни соли 2018 таҳти унвони «Ваҳдат ва ташаккули фарҳанги миллӣ» чорабинии фарҳангию фароғатӣ бахшида ба 21 -солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистон доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Абдусалом Мирализода дар суханони муқаддамотии худ ширкаткунандагонро бо иди Ваҳдати миллӣ табрик намуда, мухтасар дар бораи ин рӯзе, ки ба кишвра сулҳ овард, нақл кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки “бисту як сол қабл, яъне бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард”.
Латофат Насриддинова–намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъияти Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Ҷасур Раҳмонов- Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавзуӯъи Ваҳдати миллӣ ва нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу салоҳ дар кишвар изҳори назар карданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ, ки бахши фарҳангӣ буд, хонандагони фаъоли Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи Ваҳдати миллӣ, сулҳ ва суботу оромӣ шеърҳо қироат карданд.
Ҳунармандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Ҳикматулло Анваров ва Музаффар Бойматов бо созу суруҳо хотири ширкаткунандагонро шод карданд.
Ёдовар бояд шавем, ки дар ин чорабинӣ Намоиши китоб таҳти унвони «Ваҳдат, Давлат, Президент» доир гардид.