Рӯзи китобу маҳфили “Ҳамешабаҳор»
Нашр шуд 2017-09-05 19:07
Маҳфили “Ҳамешабаҳор” аз Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ҳайати эҷодии нашрияи “Пайрав” бо ширкати Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ басо хубу хотирмон ва диданиву шуниданӣ гузашт.
Тавре пештар ҳам хабар дода будем, шоми 4 уми сентябри соли равон дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили идонаи шоир Хайрандеш “Ҳамешабаҳор” доир гардид.
Маҳфил як базми шеъру тарона ва рақсу мутоибаву саволу ҷавобҳо буд. Меҳвари маҳфил ашъори абаршоир устод Лоиқ Шералӣ буд ва ҳам шеърхониҳову викторинаҳо, байтбараку суолу ҷавобҳо ва ҳам таронаҳои Афзалшоҳи Шодӣ танҳо аз ашъори ин шоири бузург интихоб шуданд.
Афзалшоҳи Шодӣ аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки бештар аз дигарон бар ашъоли Лоиқ Шералӣ таронаҳо эҷод кардааст. Шоми гузашта ҳам бо таронаҳои нав ва ҳам бо сурудҳои куҳан хотири ширкаткунандагонро шод кард. дар миён рақси гулдухтарони ҳунарманди Филармонияи давлатии Тоҷикистон хотирмон буд.
Маҳфил аз ҳафт равза: “Афрўза”, (Ганҷи китоб), “Афроза” (шоҳбайтхонӣ), “Афшина” (Зарбулмасалу мақол), “Афшона” (танзу ширингуфторӣ), “Андеша” (Чистону муаммо), “Ангеза” (Байтбарак), “Ангора” (тафсири як шоҳбайт) иборат буда, барои ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ аз қабили телефони мобилӣ супорида шуд.
Дар маҳфил, ки дар фазои кушод баргузор шуд, ба ғайр аз роҳбарону кормандони Китобхона одамони зиёде аз ҷумла истироҳаткунандагони Боғ устод Рӯдакӣ ҳузур ёфтанд. Дар саволу ҷавобу байтбарак ва танзу ширингуфториҳо касоне пирӯз эълон шуданд, ки касе ному насаби онҳоро намедонист.