Субҳи имрӯз, 31 - уми октябри соли равон бо ташаббуси Маркази байналмилалию омӯзишии “Шенмо” дар ҳамкорӣ бо маркази Конфутсий дар Гӯшаи фарњангии Чини Китобхонаи миллии Тоҷикистон Олимпиада оид ба математикаи зеҳнӣ доир гардид.
Математикаи зеҳнӣ чӣ аст?
Математикаи зеҳнӣ ин қобилияти баланди ҳисобу китоб намудани рақамҳои арифметикиро ба воситаи ангуштон дар як муддати кӯтоҳ ба роҳ мемонад.
Яке аз роҳҳои рушди математикаи зеҳнӣ ин ташкил ва ба роҳ мондани олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар тамоми ҷаҳон маъмул аст, маҳсуб меёбад.
Пӯшида нест, ки омӯзиши математикаи зеҳнӣ барои инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдак хуб мусоидат менамояд.
Дар чорабиниии мазкур донишљуёни донишгоњњо ва хонандагони мактабу гимназияњо ширкат карданд.
Дар назар аст, ин тренгинг 2 рӯзро дар бар гирифта, 2 ноябр ҷамъбаст гардад.
Фарзонаи МИРЗО