Намоиши китоб бахшида бар раъйпурсӣ

Рӯзи 22-май, яъне ҳамагӣ ду рӯз баъд дар кишвар барои тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ доир мешавад.

Он ки ин ҳамапурсии сарнавиштсоз аст, қобили баҳс нест. Мардуми закӣ ва хушфаҳми мо зарурати таърихии ин иқдомро ба хубӣ дарк кардаанд ва ин аз баёни назароташон дар саҳифаҳои матбуот пайдост.

Баъди ин чорабинии муҳими сиёсӣ Тоҷикистони азиз вориди марҳилаи нави рушд мешавад. Ҳама тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, ки аз мардум хоста мешавад овози худро диҳанд, бархоста аз воқеъияти рӯз аст.

Шуъбаи чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ низ бахшида ин рӯз бо фароҳам овардани як силсила адабиёти ҷолиб аз таърихи гузаштаву кунии Тоҷикистон, маводҳои чопшуда дар мавриди раъйгирӣ, рушди Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон, роҳи тайкардаи миллат бо сарварии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонандагони китобхонаро даъват мекунад бо он ошно шаванд, аз китобҳои фаровони таърихӣ баҳра бардоранд.

Шуъбаи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар ошёнаи панҷуми бинои Китобхонаи миллӣ воқеъ аст.