Лайлои Шоҳназар: мехоҳам бо садҳо китоб дастрасӣ ба хазинаи маърифатро барои ҳамдеҳагонам осон гардонам

Лайлои Шоҳназар хонандаи синфи 11, аз  мактаби таҳсилоти умумии рақами 73 ба номи Сармади деҳаи Марғедари ноҳияи Панҷекат аст. Ширкаткунанда дар номинаи адабиёти классик. Дар суҳбате, ки бо ӯ доштем, нахуст аз таассуроташ аз озмун суол кардем:

- Банда, дар номинатсияи адабиёти классик иштирок намудам. Ин рӯзи панҷум аст, ки ман инҷоям, дар Китобхонаи боҳашамати миллии Тоҷикистон. Ман ифтихор аз он мекунам, ки як духтаре аз рустои дурдастаму насиб шудаст, ки ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирам ва ширкат намоям. Имрӯз дар назди устодон аз ҷумлаи адибони маъруфи кишвар ва донишмандони шинохта баромад доштам, ба қадри имкон ба суолҳояшон посух додам.  Банда барои ширкат дар озмун 500 ғазал ва 340 рубову дубайтӣ азёд кардам, зиёда аз 250 китобҳои адибони классик ва муосири халқи тоҷикро мутолиа намудам.  

  • Озмун хуб мегузарад? Мушкиле нест?

    - Хеле хуб аст. Ҳама шароитҳо муҳайё, камбудеро намебинем. Ин иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси дастгирист ва мо ҷавонон бояд ба қадри ин ғамхориҳо бирасем. Зеро ин озмун бо мақсади баланд бардоштани завқу шавқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, такмили захираи луғавӣ таъсис дода шудааст. Таъсис ва баргузор гардидани чунин озмунҳо бори дигар ҳар як фарди ҷомеаро водор менамояд, ки ба гузаштаи хеш назар афканад.
     
    - Шумо чӣ гуна ба ин озмун роҳ ёфтед?

- Ман бо дастгириҳои бевоситаи бобову бибиам, ки ҳарду наздик ба 50 сол собиқаи омӯзгорӣ доранд, ба ин марҳилаи ниҳоии озмун расидам. Зеро эшон маро аз хурдсолиам пайваста барои хондани адабиёт ва азёд намудани ашъори адабони клласику муосири халқи тоҷик  ташвиқ менамуданд. Ва ман аз хурдсолиам китоб мехондаму шеър аз ёд менамудам. Маҳз дастгириҳои маънавии бобову бибиам буд, ки банда то ҳамин марҳила, яъне то давраи ниҳоии озмун омада расидам. Ман аз эшон сипосгузорӣ мекунам. Зеро нахустин устодам маҳз уноянд.

- Оё ҳамаи китобҳои пешниҳодгардидаи озмун ба шумо дастрас буд?

- Мутаассифона, на. Бубинед, чун ман дар деҳаи дурдаст умр ба сар мебарам, на ҳамаи китобҳоро пайдо менамудам. Ҳатто китобҳои оддитарин бароямон дастнорас буданд.  Китобҳоро ба ман аз пойтахт равон мекарданд. Ман на ба ҳамаи китобҳо дастрасӣ доштам. Ва тасмим дорам, агар сазовори ҷойи намоён гардаму соҳиби маблағ шавам, ҳатман аз ин ҳисоб китобҳои зиёд мехарам. Ният дорам дар оянда дар деҳа китобхонаи шахсии худро таъсис диҳам.  Мехоҳам барои наслҳои оянда ҳамин гуна як иқдом кунам, агарчи наметавонам кохи маърифате бунёд созам, вале мехоҳам бо садҳо китоб дастрасӣ ба хазинаи маърифатро барои ҳамдеҳагонам осон гардонам.
Фарзонаи Мирзо