Баргузории озмуни “Дастони моҳир” дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2015-12-11 18:04
Озмуни “Дастони моҳир” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳузури ҳудудан 400 нафар донишҷӯёну устодони Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи омӯзгорӣ, Донишкадаи забонҳо ва Коллеҷи варзиши Тоҷикистон баргузор шуд.
Озмуни мазкур ба Соли оила бахшида шуда буд ва як барномаи муҳими он таблиғи фарҳанги либос миёни ҷавонон буд.
Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода дар сухани муқаддамотии худ оиларо рукни муҳим ва пойдевори ҷомеа донист. Вай гуфт, ки бо назардошти муҳим будани таблиғи фарҳанги оиладорӣ ҳукумат ва Президенти мамлакат соли 2015-ро соли оила эълон карданд.
Сайфиддин Назарзода ҳамчунин гуфт, ки пойдории оила бунёди насли солим аст ва насли солим ин бақои давлату миллат аст.
Директори Китобхонаи миллӣ бо истифода аз фурсат ҷавононро ба азиз доштани китоб, омӯзиши пайваста ва ҳамеша дар мутолиа буданд даъват намуд. Вай гуфт, ки дарҳои ин боргоҳи маърифат барои ҳамагон ҳамеша боз аст ва имкониятҳое, ки фароҳам оварда шудаанд, дархӯри як ҷомеаи муосири омӯзишист.
Вай аз таърихи либосҳои миллӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки пӯшиши миллӣ беҳтарин пӯшиш аст ва ҷавонон талош кунанд, то муди навро ҳам дар қолаби арзишҳои миллӣ ба тан намоянд.
Саффиддин Назарзода аз икдоми беназири таърихии ғолиби бозиҳои олимпӣ Мавзуна Ҷориева ёд кард, ки дар болои гилеми варзишӣ бо куртаи чакан дар Олимпиадаи шаҳри Лондон ғолибиятро ба даст овард. Ва гуфт ҷавонон бояд парчамбардори фарҳангу тамаддуни волои худ бошанд.
Гуландом Ҳусейнова Директори Литсейи касбии дўзандагии шаҳри Душанбе оиди ҳунару истеъдоди хонандагони литсейи номубурда, маълумот дода, ҷавононро барои омўхтани ҳунарҳои дастӣ даъват намуд. Ў ҳунарро давлати поянда ва чашмаи зоянда, маънидод намуда, аз нозукӣ ва дигар паҳлуҳои ҳунари дўзандагӣ ёдовар шуд. Баъдан ҷавононро таъкид намуд, ки либосҳои шинам ба андозаашон мувофиқро пушида, одоби пушидани либосро риоя намоянд. Ба ҳамин васила зебову пироста шуда, барои пойдории оила ва пешрафту созандагии мароми Роҳбари Олии Кишварамон мўҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ҳиссаи арзанда гузоранд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар ин чорабинӣ зери навои мусиқии суннатӣ ва таронаҳои мардумӣ либосҳои миллӣ аз ҷумла атласу чакан, сӯзанӣ ва ғайра намоиш дода шуданд. Махсусан рақс зери навои най ва навои дутор аз ҷониби гулдухтарони литсей ба чорабинӣ шаҳомати хосса бахшид.