Саду понздаҳ китоби Вазорати корҳои дохилии кишвар ба Китобхонаи миллӣ

 

       Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон саду понздаҳ адад китобро, ки чопхонаҳои “Кировская областная типография”, “Эр- граф” ва матбааи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор додаанд, ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд.

          Тақдими китобҳои тозанашр аз ҷониби вазорату идораҳои кишвар ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон як анъанаи дерин аст ва ҳар сод даҳҳо номгӯй китобҳои тозанашр аз ҷониби иддае аз вазорату идораҳои мамлакат ба бойгонии Китобхонаи миллӣ супурда мешаванд. 

Ин бор Вазорати корҳои дохилӣ шаш номгӯ китобро ба теъдод 115 адад ба китобхона тақдим кардааст. Инҳо:

Пешвои мо  (Маҷмӯаи шеърҳо дар васфи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон), “Кировская областная типография”, 2018. - 372 с.

Ниҳонӣ “Парчами нанг” (Шеърҳо ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, садоқат ба Ватан, баҳор ва табиати Тоҷикистон бахшида шудааст) нашриёти “Эр граф”, -Душанбе 2018.- 388 с.

Рубоиёти Умари Хайём, Душанбе “Эр граф”, 2018 .-208 с.

Ниҳонӣ “Давлати дин”, Матбааи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе -2018. 68 с.

Р.Х. Рахимзода Оперативно –розыскная политика в сфере обыспечения экономической бозопасности Республики Таджикистана, Монография-Душанбе “Эр граф”, 2018 -636 с.

 Р.Х. Рахимзода Обеспечение экономической безопасности. Монография. Типография МВД Республики Таджикистана Душанбе- 2018.  235 с. мебошанд.

       Ёдовар бояд шуд, ки тақдими китобҳои тозанашр аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон бори аввал нест.

      Ҳанӯз 19-уми майи соли гузашта   вазири корҳои дохилии кишвар генерал-полковники милитсия  Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҳошияи мулоқоташ бо гурӯҳи ҷавонони «Авангард», курсантони Академияи Вазорати корҳои дохила ва ҷавонони фаъоли кишвар, ик дар Китобхонаи миллӣ доир шуда буд, зиёда аз 1000 адад китоб туҳфа карда буд. 

Гуфтанист, ки дар он вохӯрӣ вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода бештар ба масъалаҳои гаравиши ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои гуногуни ифротӣ, нашъамандиву бемориҳои гуногуни сироятӣ, роҳҳои гумроҳ гардидани ҷавонон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид намуда буд, ки зиракии сиёсии хешро аз даст надода, дар пайи омӯзиш бошанд. Вай гуфт, ки ҷомеаи кишвар ба шахсони босаводу донишманд ниёз дорад. Вазири умури дохилии Тоҷикистон як сабаби гаравидани ҷавонон ба созмонҳои ифротиро бехабарии онҳо ва надоштани дониши комил донист. Вай гуфт, ки агар ҷавонон соҳиби фазлу дошиш бошанд, ба хубӣ пай мебаранд, ки ҷойю мақоми онҳо на сафи ифротиҳо, балки ободии ҳамин Ватани ягона аст. 

Дар идомаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ доир ба паҳлӯҳои гуногуни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, муҳтавои онро ба ҷавонон шарҳу эзоҳ дод.

Зикр гардид, ки суханронии Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа барои ҳар як шаҳрванди ин сарзамин дастуру роҳнамоест барои ояндаи дурахшону шукуфоии кишвару миллат.

Дар фарҷом, вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода аз осорхонаи китоб ва толори намоиши китоби Китобхона дидан намуд ва ба махзани Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 1000 адад китобҳои илмӣ, бадеӣ, дарсӣ ва методӣ тақдим намуд.

 

 

Фарзонаи МИРЗО