Маҳфили адабии “Дар суҳбати адиб” бо ширкати Саттор Турсун
Нашр шуд 2016-07-23 17:41
Маҳфили навбатии “Дар суҳбати адиб”, бо ибтикори Шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ баъди зуҳри дирӯз, ҷумъа, 22-уми июл дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ баргузор шуд. Маҳифлоро яке аз маъруфтарин адибони муосир,
Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун буд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода дар сухани ифтитоҳии худ руҷуъе дар бораи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дошт ва гуфт чун ҳамеша ин 25 соли охир низ адабиёт ва фарҳанг тараннумгари ғояҳои истиқлолхоҳии мардум буд. Сайфиддин Назарзода ҳамчунин гуфт, ки дар ин бисту панҷ сол асарҳое офарида шуданд, ки дастовардҳои гаронмояи Истиқлолияти давлатиро нишон медоданд. Адибони соҳибзавқ ҳар саҳфаи ин таърихро бо бадеияте, ки хоси адабиёт аст, суруданд ва дар натиҷа асарҳои мондагор дар ин мавзуъ пайдо шуданд.
Сайфиддин Назарзода Саттор Турсунро адибе муаррифӣ намуд, ки дардошност ва асарҳояш ҷавобгӯи ниёзҳои ҷомеаи мост. Саттор Турсун ҳамзамон публистисти бомаҳоратест, ки очекрҳои ин чанд соли охир навиштааш дар шинохти Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳу субот дар кишвар хизмати шоиста кардаанд.
Баъдан, меҳмони маҳфил Cаттор Турсун дар мавзўи Истиқлолият суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол кишвари орзуҳост ва имрӯз миллионҳо тоҷик дар рӯйи олам Тоҷикистонро Ватани хеш медонанд.
Дар поёни ин нишаст миёни ширкаткунандагон ва меҳмони олиқадр баҳси пурҷӯше дар мавриди адабиёт ва ҳунар, нақши асарҳои адабӣ дар ташаккули ғоряҳои истиқлолхоҳӣ ҷараён гирифт.