Конфронси илмию назариявии ҷумҳуриявии “Вазъи зани тоҷик то ибтидои қарни XX”

 
 Субҳи имрӯз дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи бонувони барҷастаи Тоҷикистон ба номи Муқаддара Рустамова Конфронси илмию назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Вазъи зани тоҷик то ибтидои қарни XX” доир гардид.

 Директори Китобхонаи миллӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода конфронсро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо фарорасии баҳори ҳуҷастапай ва  омад – омади Рӯзи модар хайрамақдам гуфт ва барояшон бурдбориҳо ва комёбиҳои беназирро таманно намуд.

 Ҷумахон Файзализода  модарро ганҷинаи ҳастӣ шуморида, қайд намуд, “Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогў, меҳрубон, мушфиқ,  ғамхор, дўстдорандаи  фарзанд  танҳо  модар  аст. Дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8-уми март ҳамчун рўзи модарон эълон гардидааст  ва ҳамасола бо шукўҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад.

 Баъдан, суханрониҳои доктори илми бостоншиносӣ, академики Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ дар мавзуи “Исфандормузрӯз”,  муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ, Ғаффорзода Нигорахон шунида шуд. Коллексияҳои либосҳои миллӣ аз замони ориён то имрӯзро раиси Бунёди байналмилалии косибони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи косибони Осиёи Марказӣ Мукаррама Қаюмова муаррифӣ кард.

 Мудири шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва навини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи улум Ҳамза Камол дар мавзӯи “Инъикоси чеҳраи занони ифтихоровар дар таърихи бостон”,  доктори илмҳои таърих, мудири шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи улум Лариса Додихудоева дар мавзӯиЗанҳои намоёни Осиёи Марказӣ”, доктори илмҳои таърих, ходими пешбари илмии  Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи улум  Баҳринисо Қобилова дар мавзӯи “Санъати Созанда – жанри қадимтарини мероси суруду рақси халқи тоҷик” ва номзади илмҳои таърих, ходими пешбари илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Каримова дар мавзӯи “Занони маъбад дар фарҳанги қадими Тоҷикистон” суханронӣ карданд.  

 Ёдовар бояд шуд, дар саҳни ошёнаи сеюми Китобхонаи миллӣ намоиши либосҳои миллии тоҷикӣ аз ҷониби Осорхонаи бонувони барҷастаи Тоҷикистон ба номи Муқаддара Рустамова ва намоиши китоб  бахшида бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва “Рӯзи модар” ташкил карда шуд.

  Фарзонаи МИРЗО