Баҳор дар мекӯбад. Аз ҳикояти аксҳо
Нашр шуд 2016-02-19 11:03
Дирӯз роҳбарону кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар атрофи Китобхона чандин бех ниҳол шинонданд ва бо ин васила аз фарорасии баҳори сабз истиқбол карданд. Ин маърака, ки дирӯз бо ҳузури Пешвои миллат, Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикитон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд, дар сар то сари кишвар чун паёми аввали баҳор дастгирӣ ёфт ва ҳамвора хабару гузоришот аз гӯшаву канор мерасанд, ки ривоятгари истиқболи гарми мардум аз омад-омади арӯси сол аст. Аксҳое, ки ҳоло мебинед, тадорукоти баҳорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистонанд.