Беш аз 17 ҳазор китоби нави воридшуда ба Китобхонаи миллӣ зарфи шаш моҳи сипаришуда
Нашр шуд 2020-07-28 10:55
Ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 17396 нусха китоб ворид шудааст, ки аз ин ҳисоб 13 404 нусхаашро Китобхона ба маблағи бештар аз 186340 сомонӣ харидорӣ ва барои истифодаи хонандагон пешниҳод карда шуд. Ин нуктаро Ҷумахон Файзализода директори Китобхонаи миллӣ 27 июн зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи Муассисаи давлатии Китобхонаи милли.
Дар вохӯри, ки бо иштироки сардорон ва масъулони шуъбаву марказҳои китобхона доир шуд, зикр гардид, ки аз шумораи умумии аснодҳои воридгардида китобҳо 12464 нусха, нашрияҳои давомноки илмӣ 35 нусха, маҷаллаҳо 570 нусха, нотаҳо 33 нусха, диссертатсияҳо 235 адад, дискҳо 62 адад ва секограмма 5-адад ба қайд гирифта шудааст. Қайд гардид, ки дар ин мудат 12670 нусха адабиёти туҳфашуда аз шахсони алоҳида қабул ва баъд аз ташхису таҳлил ба фонди китобхона ворид карда шуд.
Дар вохӯри иттилоъ доданд, ки дар шашмоҳаи аввали сол ба китобхона 126 827 нафар хонандагон ташриф оварданд, ки тибқи дархосташон бештар 161 ҳазор нусха адабиёт пешниҳод карда шудааст. Дар ин давра ба узвияти Китобхона 8127 нафар хонанда пазируфта шуд, ки аз оғози фаъолият то ба имрӯз шумораи умумии аъзоёни китобхона ба 201019 нафар хонандаро ташкил медиҳад.
Мутобиқ ба дархости унвонҷӯёну, аспирантон ва магистрантону дигар кормандони соҳаи илм дар ин муддат 6822 нусхакитоб барои хондан дар хона пешниҳод гардида, ҳамзамон маводҳои мазкур вобаста ба дархости хонандагон дар шакли электронӣ пешниҳод гардидааст. Дар ин давра 683 адад дархости китобхонаҳои вилоятҳои Бадахшону Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ иҷро гардидааст.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.