Бо ҷавонтарин хонандаҳои Китобхона
Нашр шуд 2018-08-08 17:22
Ҷавонтарин хонандагони Китобхона. Меҳмонони имрӯз ва рӯзҳои гузаштаву оянда. Чеҳраҳои зебо, нигоҳи кунҷковона ва таваҷҷӯҳашон ба китоб касро ба ояндаи миллат дилгарм мекннад. Инҳо ҳамарӯза меоянд ва дар толори кӯдакону наврасон китоб мехонанд. Хурдакакон расм тамошо мекунанд, бо ёрии мураббиён маънову мафҳуми суратҳоро мефаҳманд ва иддае талош мекунанд бихонанд.
Баъзеи онҳо ҳоло ба мактаб ҳам нарафтаанд ва ҳарф намешиносанд, вале китоб диққаташонро ҷалб кардааст ва мехоҳанд бихонанд.
Толори кӯдакону наврасон дорои ҳама шароит аст. Агар бачаҳои синни хурди томактабӣ меоянд, метавонанд ҳатто зочабозӣ кунанд. Метавонанд дар компютерҳои толори хониш филмҳои хуби тасвирӣ тамошо кунанд ва ё сужаҳои китоберо бинанд.
Оре, ҷавонтарин хонандаҳои китобхонаанд. Бо нигоҳҳои пурковиш, бо таваҷҷӯҳи хоси кӯдакона...Ва агар дар ин синну сол бештар рӯ ба китоб оранд, инҳо аз фаъолтарину беҳтарин хонандагони китобхона хоҳанд буд. Агар волидон онҳоро пайваста бо худ оранд, дар як соати будан бо китоб ҷаҳони маънавии худро бой месозанд.
Таваҷҷӯҳи калонсолонро барои ҷалби фарзандонашон бештар аз пештар эҳсос мекунем. Толори кӯдакону наврасон аз аввалин рӯзҳои ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ дарҳои худро ба рӯи хонандагони хурдсол боз кардааст. Ин толор пур аз китоб аст ва хонандаи онро лозим намеояд китоби дигаре фармоиш диҳад, чун ҳар кас ҳар чизе ба завқи худ мехоҳад, ин ҷо пайдо мекунад.
Бахусус таътили тобистона сафи хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасонро зиёд кард. Дида мешавад, ки дар миёни наврасон касоне, ки мехоҳанд таътилашонро бо китоб гузаронанд, зиёданд. Ин мояи хушиву сарфаризист, ки бачаҳо бештар аз пештар ба китоб рӯ меоранд. Кормандони Шӯъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ҳам мекӯшанд ҳар талабу дархости хонандагони хурдсоли худро сари вақт иҷро намоянд, то онҳо аз ин боргоҳи маърифат хушҳол берун шаванд.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки хонандагон бештар ба китобҳои устодони каломи бадеъ Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода таваҷҷӯҳ доранд. Ҳамчунин тибқи синну солашон бештар ба мутолиаи афсонаҳо мароқ доранд. Аз ин рӯ кормандони шуъба талош мекунанд рафҳои китобро бо ин китобҳои серталаб бештар оро диҳанд.
Шавқу завқи хонандаҳои шӯъба дар ширкат дар маҳфилҳо зиёд аст. Онҳо дар ҳама маҳфилу чорабиниҳо фаъолона иштирок мекунанд, месозанд, расмкашӣ мекунанд, шеър мехонанд, тарона месароянд. Шӯъба барояшон мактаби дигарест, ки дар он на танҳо китоб мехонанд, балки ҳунар меомӯзанд.
Аз он ҷумла, маҳфили “Дастони мохир”, ки як маҳфили эҷодкорони ҷавон аст, баъзан наворбардорӣ ва аз тариқи телевизиони “Баҳористон” намоиш дода мешавад. Гузашта аз ин баъзе аз ширкаткунандагони фаъоли ин маҳфилҳо бо офаридаҳои худ дар намоишҳои “Баҳористон” ширкат мекунанд.
Расмҳои Хусрави Милод