Паёми Пешвои миллатро дар Китобхонаи миллӣ шуниданд
Нашр шуд 2017-12-22 16:30
22 – уми декабри соли 2017 кормандони Китобхонаи миллӣ дар толори калони муассиса Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона шуниданд.
Гузориши мустақим аз аз “Кохи Сомон” аз ин рӯйдоди тақдирсоз барои кормнадони китобхона чун як рӯйдоди муҳим арзёбӣ шуд. Дар паём Сарвари давлат мавқеъи худро дар ҳамаи самтҳои инкишофи дохилӣ ва сиёсати хориҷӣ дар соли 2018-ро иброз дошт. Ҳамчунин Президент ба намояндагони ҳарду палатаи парламони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қарорҳои муҳиме, ки ӯ дар асоси соалоҳиятҳои конститутсионии худ қабул кардааст, иттилоъ дод.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Ҳукуматро дар як соли охир таҳлил ва онро баҳогузорӣ кард.
Сарвари давлат ҳамчунин зимни таҳлили комёбиҳои фарҳангии кишвар дар назди кормандони соҳа вазифаҳои нав гузошт.