Афзоиши бесобиқаи сафи хонандагони Китобхонаи миллӣ дар соли гузашта

Соли 2017-ум  28 ҳазору 273  нусха адабиёт ба  маблағи  умумии  540821,13  сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид ва мавриди коркард қарор гирифтааст. Ба захираи умумии Китобхона 25 ҳазору 071 нусха ба маблағи умумии  428111,98  сомонӣ ворид карда шуд.

Дар ин бора субҳи имрӯз дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар соли 2017 сухан рафт.

Абдусалом Мирализода – Директори Китобхонаи миллӣ дар суханронии муқаддамотии худ дар ҷаласа иброзӣ дошт, ки таъмини фазои муътадили мутолиотӣ ва пазироии хонандагон нишондиҳандаи асосии фаъолияти Китобхона маҳсуб меёбад, ки тавассути фаъолияти шуъбаҳои нигоҳдории адабиёт, хизматрасонӣ ба муштариён, абонементи байни китобхонаҳо, адабиёти хориҷӣ, адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ, нигоҳдории адабиёти депозитарӣ, рисолаҳои илмӣ, Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, матбуоти даврӣ, хизматрасонии библиографӣ, адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ, библиографияи миллӣ,  марказҳоии иттилооти ҳуқуқӣ, тоҷикшиносӣ, забонҳо, дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, шуъбаи махсус ва дигар шуъбаҳои Китобхона  ба роҳ монда  шудааст. Шуъбаҳо бо истифода аз фонди асосӣ ва фонди ёрирасон талаботи хонандагонро ба манобеи чопӣ ва электронӣ қонеъ мегардонанд.

Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки соли сипаришуда ба бойгонии китобхона 22 ҳазору 749 нусха китоб ворид шудааст. Маҷаллаҳо – 1 ҳазору 473 нусха, нашрияҳои давомноки илмӣ – 105, авторефератҳо-300, диссертатсияҳо – 26,  китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ – 64 нусха, DVD  ва CD - 67 дона, секограмма - 43 нусха, нотаҳо -21 нусха, пеесаҳо-223 нусха мебошад.  Ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ –3055  нусха ба маблағи умумии – 106730,31   сомонӣ, ба захираи байналмилалии байникитобхонавӣ – 147 нусха  ба маблағи  умумии – 5978,84  сомонӣ ворид карда шуд.

7716  адад  рўзномаҳои обунавӣ ва ҳатмӣ  ба қайд гирифта шудааст.  

Аз нашрияҳои хусусӣ, аз шахсони алоҳида ва сарчашмаҳои гуногун 19 ҳазору 560 нусха китоб қабул  ва ба шуъбаҳои дахлдор супорида шуд.

Тибқи мактубҳои воридшуда аз ташкилотҳову нохияҳои  кишвар  69000  нусха адабиёти гуногун  аз  захираи мубодилавии  эҳтиётии  Китобхонаи  миллии  Тоҷикистон  тавассути  санадҳо ба китобхонаҳои ташкилотҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ  тақдим   карда шуд.  

Таҳлили фаъолияти бахши бақайдгирии шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён нишон дод, ки аз оғози фаъолияти Китобхона то ба имрўз ба узвияти Китобхонаи миллии  Тоҷикистон  141 ҳазору 543  нафар  хонанда пазируфта шудааст. Соли 2017 аъзои нави Китобхонаи миллӣ 36 ҳазору 834 нафар афзуд, ки дар қиёс ба як соли пеш 16 ҳазору 285 нафар зиёд аст.  

Як сабаби афзоиши бесобиқаи сафи хонандагон роҳандозии барномаи “Даъват ба китобхона” буд, ки якҷо бо Вазорати маорифи кишвар амалӣ гардид. 

Соли 2017 ба толорҳои хониш, толори электронӣ, толори маводҳои мусаббат, толори феҳриствораҳо, гўшаҳои кишварҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ  512 ҳазору 141  нафар хонандагон ташриф овардаанд, ки дар қиёс ба соли  2016-ум  144 ҳазору 402  нафар зиёд аст. Зикр гардид, ки ба ҳисоби миёна ҳар рӯз бештар аз 1550 нафар вориди китобхонаи миллӣ шудаанд.

Ин теъдод дар умум 774 ҳазору 162 китоб дархост ва мутолиа кардаанд.

 Профессор Абдусалом Мирализода дар соли 2018 амалӣ намудани тадбирҳои зеринро барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти илмию хизматрасонии  Китобхона  зарур донист:

- Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаҳои ҳатмӣ” вазифадор намудани нашриётҳои давлатӣ ва хусусӣ, ки нусхаҳои осори мунташири худро ба таври ройгон ба Китобхонаи миллӣ супоранд.   

- Таъсис додани нашриёти хурд барои нашри дастурҳои илмӣ- методӣ, библиографӣ ва осори илмию фарҳангии дар Китобхона таҳияшаванда.

- Таъсис додани махзани ягонаи рисолаҳои илмии дифоъкардаи олимони тоҷик ва авторефератҳо дар шакли акнъанавӣ ва электронӣ.

- Ташкил намудани давраи омўзиши барномаи Aleph барои кормандон бо қувваи мутахассисони собиқадори Китобхона.

- Таъсис додани курсҳои ғоибонаи 2-солаи китобдорӣ дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо барномаҳои таълимии омоданамудаи Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ.