Рушди забони давлатӣ дар замони Истиқлол
Нашр шуд 2018-10-09 12:59
Чунин ном дошт мизи мудавваре, ки ба Рӯзи забон бахшида шуд ва бо ибтикори Шуъбаи Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода дар суханони муқаддамотии худ таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро ба ба муҳимтарин тадқиқотҳои забоншиносии замони Истиқлол ҷалб намуд. Директори Китобхонаи миллӣ дар талошҳои Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи Конуни забон изҳори назар намуд.
Баъдан мудири кафедраи филологияи Эрони факултети Осиё ва Аврупои ДМТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Умар Сафаров дар мавзӯи “Забони тоҷикӣ дар миёни пайкорҳо”, мудири шуъбаи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ Сайфиддин Мирзоев дар мавзӯи “Нақши пасванди “дон” дар сохтани вожаҳои яғнобӣ”, баромади мудири кафедраи забони адабии муосири факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳамрохон Дӯстов дар мавзӯи “Номи забони мо аз миллат аст”, маърӯзаи докторанти факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ, А. Саломов дар мавзӯи “Тағйироти маъноии иқтибосоти арабӣ дар забони тоҷикӣ” суханронӣ карданд.
Дар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон дар атрофи маърӯзаҳо ва суханрониҳо табодули афкор сурат гирифт.
Фарзонаи МИРЗО