Чорабинии фарҳангӣ- ватандӯстӣ бахшида ба таҷлили 50 -солагии воқеаҳои солҳои 1968 –1969 дар Чехословакия

Санаи 20- уми август дар ошёнаи нуҳум, толори “ Ошёни булбулон”  бо ташаббуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон   чорабинии фарҳангӣ –ватандӯстӣ бахшида ба таҷлили 50 - солагии воқеаҳои солҳои 1968 – 1969, ёрии интернатсионалии Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҳифзи дастовардҳои сотсиалистӣ дар Чехословакия доир гардид.

Сухани ифтитоҳиро дар ин чорабинӣ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон Мирзомиддин Каримзода оғоз намуда, ҳамаи  интернатсионалистон-иштирокчиёни воқеаҳои Чехословакия солҳои 1968-1969 табрик намуда, ба онҳо умри дарозу зиндагии шоистаро таманно намуд.

Инчунин, дар ин чорабинӣ суханронии табрикотии Раиси иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Мирзоев шунида шуд. Тавре Шавкат Мирзоев зикр намуд, “21 августи соли 2018 аз таърихи расонидани ёрии интернатсионалии Иттиҳоди Шўравӣ ва давлатҳои сотсиалистӣ ба халқу давлати Чехословакия, воқеаҳои солҳои 1968 – 1969, ки дар он давлат ба амал омадаанд 50 сол пур мешавад. Аз ин рӯ, Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори кишвар дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқдом гирифтем, ки ин санаи таърихӣ ва иштироки родмардони Тоҷикистониро дар он воқеаҳо ҷашн гирем ва ба хотири онҳо арҷгузорӣ намоем.”

Баъдан, суханрониҳои намоянда аз Ҳизби комунистӣ Меҳроҷ Абдуллоев, баромади табрикотии сардори “Гурӯҳи родмардони интернатсионалист –иштирокчиёни воќеањои Чехословакия”-и Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Тоҷикистон Илёс Сайфуллоев, суханронии намоянда аз Ҳизби халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроил Бобомаликов, сухани табрикотии муовини Вазири корҳои дохилӣ Саидзода Маҳмадсаид Борон ва ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Марям Исоева ва дигарон маъруза ва суханронӣ намуданд.

 Қисмати дуюми чорабинӣ фарҳангӣ буда, он аз қироати порчаҳои шеърӣ  ва ҳунарнамоии сарояндаҳои ватанӣ, ки дар васфи Тоҷикистону Ватан суруданд, шунида шуд.  

Дар умум, бояд зикр намуд, ки интернатсионалистон-иштирокчиёни воқеаҳои Чехословакия солҳои 1968-1969, муҳассилин аз мактабу донишгоҳҳо, курсантони донишгоҳҳои ҳарбӣ, хизматчиён ва кормандони сохторҳои қудратӣ, намояндагони идораву ташкилотҳои гуногун, аҳли ҷамоати пойтахт ва меҳмонон аз намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат ва баромад намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ арҷгузории санаи таърихӣ ва родмардони тоҷикистонӣ-иштирокчиёни воқеъаҳои солҳои 1968-1969 дар Чехословакия, баланд бардоштани савияи дониш ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон маҳсуб меёбад.

Дар охир, иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаву  ва сипосномаҳо сарфароз гардиданд.

Фарзонаи МИРЗО