Таҷлили Рўзи Рўдакӣ дар Китобхонаи миллӣ

Қабл аз зӯҳри дирӯз бо ташаббуси шуъбаи Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон  ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ  - оммавӣ баргузор гардид, ки дар он дастовардҳои рӯдакишиносони Тоҷикистон мавриди барарсӣ қарор гирифт.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода дар сухани ифтитоҳии худ дар бораи ҷойгоҳ ва мақоми Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рушди тамаддуни башарӣ ва шеъри ҷаҳонгирӣ форсӣ ибрози назар намуд. Вай ҳамчунин мухтасар дар бораи рӯдакипажӯҳишӣ дар кишвар нақл кард ва гуфт дар заминаи омӯзиши осори устод Рӯдакӣ корҳои шоистае анҷом гирифта, вале корҳои азимтари омӯзишӣ ҳоло дар пешанд.

Директори Китобхонаи миллӣ зикр намуд, ки бо ибтикори Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба расмият даромадани Рӯзи Рӯдакӣ имкон дод, ки мо ба рӯзгору осор ва мақому мартабаи адабию фарҳангӣ ва маънавии устод назари тоза андозем. Натиҷаи ин ибтикорот ҳамин аст, ки тайи чанд соли охир ҳамасола рўзи 22- сентябр ҳамчун рўзи бузургдошти устод Рӯдакӣ дар саросари кишварамон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ ва илмию фарҳангӣ ба таври васеъ таҷлил карда мешавад.

Баъдан, профессор Шарифмурод Исрофилниё дар мавзўи «Тарғиби озодагӣ ва ифтихороти миллӣ дар шеъри Рўдакӣ»  сӯҳбат намуд. Олими шинохта таъкид намуд, ки воқеан рӯдакишиносон дар солҳои охир ба дастовардҳои ҷолибе ноил гардиданд. Мавсуф гуфт, ки вазифаи асосӣ имрўз ба вуҷуд овардани китобшиносии комил ва фарогири рўдакишиносӣ мебошад.

Инчунин,  ходими пешбари илмии Институти забон  ва адабиёти АИ ҶТ Шамсиддин Муҳаммадӣ дар мавзўи «Рӯзи Рўдакӣ -рӯзи шеъру адабиёти мост» суханронӣ карда, саҳми боризи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро дар адабиёти тоҷику форс таъкид кард.

Баъдан маърӯзаҳои Ҷамолиддин Саидзода дар мавзӯи «Рӯдаки дар даврони Истиқлол» ва Сайфиддин Бобоев дар мавзӯи «Таносуби мундариҷа ва шакл дар шеъри Рӯдакӣ»  шунида шуд.