Харидории 280 адад китобҳои нави Энсиклопедияи миллии тоҷик
Нашр шуд 2017-08-14 09:40
Китобхонаи миллии Тоҷикистон ахиран панҷ номгӯ китоби тозанашри Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик”-ро ба арзиши 41 075 сомонӣ харидорӣ кард.
Моҳи августи соли равон шуъбаи такмили адабиёти Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик” китобҳои босифати тозанашрро ба маблағи 41 075 сомонӣ харидорӣ кард. теъдоди умумии китобҳои харидашуда 280 адад буда, панҷ номгӯро дар бар мегиранд.
Акнун хонадагони Китобхона имкон пайдо карданд дар толорҳои хониш ҷилди чоруми “Энсиклопедияи миллии тоҷик”, ҷилди аввали “Фарҳанги мардуми тоҷик”, “Чӣ? Кай? Дар куҷо?”, “Донишномаи кӯдак”, “Шинохт ва ёдгирӣ” (дар ҳаҷми 5 ҷилд)-ро мутолиа намоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки моҳи июни соли равон Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 319 адад китобҳои тиббӣ барои толори адабиёти тиб ва табиатшиносии Китобхона ба маблағи 29 505 сомонӣ харидорӣ карда буд.
Бештари китобҳои тиббии харидашуда бо забони русӣ буда, дар ин миён китобҳо бо забони тоҷикӣ низ дида мешавад. Аз ҷумла, китобҳои “Атлас анатомия человека” (иборат аз 4 ҷилд), “Биохимия”, “Лечение болезней внутренных органов”, китобҳои педиатрия (соҳаи касалиҳои кўдакона), гинекология (касалиҳои занона), кардиология (касалиҳои дил), урология (касалиҳои гурда) ва ғайраҳо мебошанд, ки бо дархости хонандагони толори адабиёти тиб ва табиатшиносӣ сурат гирифтааст.
Фарзонаи МИРЗО