Покксозиҳои навбатӣ: бояд саҳни Китобхонаи миллӣ аз ҳар гуна ифлосиҳо тоза бошад. Бояд монеъае барои рушди сабзи атрофи Китобхона набошад. Чунин аст ҳадафи асалии тозакориҳое, ки ҳар ҳафта дар Китобхонаи миллӣ мегузаранд.
Кормандон гоҳ дафтарҳои корииро ба низом медароранд ва гоҳи дигар атрофро аз ҳама гуна хасу харӯбаҳо пок месозанд. Рӯзи шанбеи гузашта низ аз ҳамин гуна рӯзҳо буд.
Кормандон бехи дарахтонро нарм карданд, ҷӯяҳоро аз хасрубаҳо тоза намуданд, то ба обмонӣ халал ворид нашавад.
Атрофи гулҳоро аз алафҳои бегона тоза карданд, то ба нумуъи гулҳо халал нарасонанд.
Ин корҳо ба он хотир карда мешаванд, ки сабзаву гулҳои атрофи Китобхона таровату шукуфоии худро аз даст надиҳанд, дарахтони сарсабз ҳамеша тару тозаву зебо бошанд.